logo

Хабарҳо

“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

Бо чунин ном ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд.
Дар оғоз муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз номи худ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Раҳмон Озода Эмомалӣ иштирокчиён ва дар шахси онҳо тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Президент, ки ҳамасола дар мамлакат бо шукӯҳи хосса ва қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, донишмандони ҷумҳурӣ, ки аксари онҳоро ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд, бо пешниҳоди мақолаҳои илмӣ дар самтҳои сиёсати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалии роҳбарияти давлату Ҳукумат сухан гуфтанд.
 
 
Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе
Ба ифтихори Рӯзи Президент бо ибтикори Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар», ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлол ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон ширкат варзиданд.
Муовини якуми раиси  шаҳр Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин расонда, иброз дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016-ум 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мешавад.
 
 
Сарвазири мамлакат бо Евгений Жуков мулоқот намуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Бонки осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков мулоқот намуд. 
Дар вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки давоми бисту се сол ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд беш аз пеш густариш ёфта, ҳамасола татбиқи муҳимтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт бештар меафзояд.
Айни замон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон 19 лоиҳа татбиқ мешавад, ки соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, илм ва маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.
 
 
Вохӯрии сафири тоҷик бо вазири Эрон
Дар Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Эҳсони Хондӯзӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030» табодули назар сурат гирифт.
 
 
Бастаҳои нави ваксина ворид гардиданд
Дар доираи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» ва 117 ҳазор воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
ИМА тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон ҳадя кард. Боқимонда 81 900 воя ҳафтаи оянда интиқол дода мешавад. 
Ҳамчунин, аз ҷониби Ҷумҳурии Латвия ҳамчун кумаки башардӯстона 60 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» вориди Тоҷикистон шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед