logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ҲОФИЗАИ ТАЪРИХӢ

Боиси сарфарозиву ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тақвият бахшидани Истиқлоли давлатӣ, инчунин, дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми бориз мегузоранд. Ин маъниро  тамоми ҳаёт ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад. 
 
Маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.  Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ҳофизаи таърихӣ чист ва чаро халқияту миллатҳо пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ба эҳёи он диққати ҷиддӣ медиҳанд? Аз ин рӯ, мо дар ин матлаб кӯшиш менамоем, ки  ба он посухи мушаххас диҳем.
Пеш аз ҳама, ҳофизаи таърихӣ занҷираест, ки тавассути он арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар мегузаранд. Дар ин ҷараён шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста ва пешвоёни миллӣ нақши калон мебозанд ва табиист, ки ояндаи миллат ба онҳо бастагии қавӣ дорад.
Ба ин хотир, ҳангоме ки сухан оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тақвияти давлатдории миллӣ равад, бояд хизматҳои беназири ӯро дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таъкид сохт. Ҳамзамон, маҳз таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барқарор ва таҷдиду навсозӣ мешаванд. Бағоят хурсандиовар аст, ки Роҳбари давлат ба таърих, фарҳанг, забон, бостоншиносӣ ва шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷодаи эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва истиқрори давлатдории миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо донишҳои фароху мукаммал, балки ҷасорат ва истодагарии бемисл нишон медиҳад. Масалан, ба шарофати истодагириҳо ва иродаи қавии Роҳбари маҳбуби мамлакат соли 2009 дар кишвар Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардид.
Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонд.  Бояд таъкид кард, ки миёни роҳбарони кишвар танҳо Эмомалӣ Раҳмон  ин иқдомро пеш гирифт. Ва маҳз ҳамин амали инсонпарварона ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва эътирофи хизматҳои фарзандони бузурги миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо ташаббус ва дастгириҳои Сарвари давлат солгарду зодрӯзи шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғазолӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷашн гирифта шуданд, ки аз ифтихори баланди миллӣ доштани ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Бар замми ин, бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории мамлакат, аз қабили мақбараҳои  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ,  Зайнулобиддин, қалъаҳои Хуҷанд, Балҷувон, Ҳулбук ва амсоли инҳо ба сомон расиданд. Бавижа, таъмиру тармими қалъаи Ҳулбукро бояд таъкид намуд, ки пас аз ҳазор сол ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат анҷом ёфт. Ва ин иқдом ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ нақши бориз мебозад.
Инчунин, бо ибтикори Сарвари фарҳангпарвари миллат  1100-солагии  Давлати  Сомониён,  2700-солагии  китоби "Авасто", 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 1310-солагии Имоми Аъзам, Соли тамаддуни ориёӣ ва дигар санаҳои таърихӣ таҷлил гаштанд.
Боиси  тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи илми бостоншиносии тоҷик низ саҳми шоиста мегузоранд. Маҳз бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ соли 2010 шаҳри Саразм ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии  ЮНЕСКО ворид гардид. Тавре маълумотҳои бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд, Саразм таърихи 5500-сола дорад ва дар иртибот ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санаи фархунда соли 2020 дар шаҳри Панҷакент бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо меҳру муҳаббати беандоза аз ёдгориҳои таърихии кишвар, аз ҷумла Фархор, Ҳулбук, Кангурт, Муъминобод, Ҳисор, Ямчун, Карон, Золи Зар, Тахти Сангин, Хуҷанд, Муғ ва ғайра, ёд меоварад.
Таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ба нашр расидани асарҳои мондагори «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориёиҳо то Сомониён», «Тақдири миллати тамаддунофар», «Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Уфуқҳои истиқлол» барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос боиси эҳтирому ифтихор аст.
Ин ҳама заҳматҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки ин эътибору нуфузи ӯро дар кишвар ва арсаи байналмилалӣ беш аз пеш ва беш аз беш меафзояд.
 
Муҳаммад А.Н., узви вобастаи АМИТ,
доктори илми сиёсӣ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 1009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед