logo

иқтисод

ЧӢ ГУНА ҲОСИЛИ КАРТОШКАРО БАЛАНД БАРДОРЕМ? МАСЪАЛАИ РАҚАМИ ЯКИ КИШОВАРЗОНИ ЛАХШ

Имсол кишоварзони ноҳия дар 5368 гектар картошка кишт намуда, беш аз 100 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд. Ҳосилнокӣ аз як гектар агарчи дар баъзе мавзеъҳо марзи 350-сентнериро гузашта бошад ҳам, дар аксари хоҷагиҳо дар муқоиса ба солҳои пешӣ қариб 30 – 40-сентнерӣ коҳиш ёфта,  180 – 220-сентнериро ташкил дод. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳое, ки мояи нигаронии масъулони соҳа дар ноҳия гардидааст, таъсири гармшавии иқлим ва вазъи заминнигоҳдорӣ ба ҳосилнокии картошка мебошад. 
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Партоев, ходими калони илмии Институти ботаника,  физиология ва генетикаи рустании АМИТ, киштгардон нашудани майдонҳои картошкапарварӣ аз сабабҳои асосии коҳишёбии ҳосил мебошад. Замине, ки дар он картошка кишт шудааст, бояд ду – се сол аз ҳисоби парвариши гандуму юнучқа танаффус дода шавад. 
Дар баробари ин, ба назари бархе мутахассисони дигар, киштгардон нашудани заминҳо сабаби аслии коҳиш ёфтани ҳосилнокии картошка набуда, тағйирёбии иқлим ё баландшавии ҳарорати ҳаво омили асосӣ ба ҳисоб меравад. 
Ба хотири офаридани тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқ ва серҳосил, ба ноҳия олимону мутахассисони варзидаи соҳа ҷалб шудаанд. Гурӯҳи мазкур  бо шумули ходимони калони илмии Институти ботаника,  физиология ва генетикаи рустании Академияи миллии илмҳо дар ноҳия ба ихтирои навъи ватании тухмии картошка бо номи «Тоҷикистон», ки баландҳосилу ба гармиҳо тобовар аст, ноил гардиданд. Акнун, ин тухмӣ  дастраси қариб ҳамаи кишоварзони ноҳия ва минтақа гардид, ки ҷиҳати бештар гаштани истеҳсоли картошка имконият медиҳад. 
Қурбоналӣ Партоев гуфт, ки қариб 90 дарсади картошкапарварон аз тухмии навъи «Тоҷикистон» маъруф ба «дарозпалак» истифода мебаранд. 
- Тухмии навъи «Тоҷикистон» офаридаи олимони институти мо буда, соли 2015 нахуст дар минтақаи Лахши ноҳия ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст ва то имрӯз  серҳосилтарин тухмӣ маҳсуб меёбад.  Дар ҳолати истифодаи дурусти он ва риояи қоидаҳои агротехникии картошкапарварӣ, метавон аз як гектар ҳадди ақал 250 сентнер ҳосил гирифт,- афзуд ӯ. 
Ҳамчунин, дар Пойгоҳи илмӣ-таҷрибавии  «Лахш» сездаҳ намуди тухмии картошка парвариш меёбад, ки барои дастрасии кишоварзони ноҳия ва минтақа ба навъҳои ватании серҳосил заминаи мустаҳкамеро фароҳам меорад. Ҷиҳати нигоҳдории картошка чордаҳ анбор мавҷуд буда, аз ин сетояш навбунёд ва дорои шароити замонавӣ мебошад.
Тавре Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, гуфт,  омили дигари таъсиррасон ба парвариши картошка дастрасии саривақтӣ ба оби полизӣ мебошад. Аз ин рӯ, тайи чанд соли охир аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрии куҳнаю валангор диққати махсус дода мешавад. Аксари корҳо дар ин самт бо ташкили ҳашарҳо ба роҳ монда шудаанд. Мо муваффақ шудем, ки баъзе мавзеъҳои солҳо харобгардидаи шабакаҳои обёриро барқарор намуда, ҳаҷми обёриро афзоиш бахшем. Танҳо дар мавсими киштукори соли 2021 барои таъмини майдони картошказор бо оби полизӣ аз оғози мавсим панҷ канали обёрӣ аз ифлосиҳо тоза гардид. Ҳамчунин, таъмири асосии канали калонтарини ноҳия – «Ғулама», ки беш аз 2,5 ҳазор гектар майдони картошкаро бо об таъмин месозад, дар назар аст. 
Баробари дастрасӣ ба обу киштгардонии заминҳо, ҳамчунин, дастрасӣ ба техникаю олоти нави кишоварзӣ дар ҷодаи истеҳсолоти картошка масъалаи ниҳоят муҳим мебошад. Зеро бо техникаҳои мавҷуда дар ноҳия, ки як қисмашон куҳнаанд, кишти саривақтию босифати картошка мушкил афтода, боиси гароншавии арзиши хизматрасонӣ шудааст. Ҳамзамон,  солҳо боз вайрон будани пули мошингузар дар мавзеи Сугати ноҳия имкон намедиҳад, ки  садҳо гектар замини баландҳосил самаранок истифода шаванд  ва маҳсулоти бо арақи ҷабин бадастовардаи кишоварзони талаф меёбад.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 2437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед