logo

туризм

МИНТАҚАИ БОХТАР. ШИНОСОӢ БО ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар, имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва тақвияти сайёҳии дохилӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон пресс-тур ташкил намуд. 
 
ХАТЛОН - МАКОНИ САЙЁҲИИ  ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ
Ширкаткунандагони пресс - тур тавассути роҳи Душанбе – Бохтар, ки чанд рӯз қабл пас аз таъмиру таҷдид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор доданд, раҳсипор шуданд.
Вилояти Хатлон дар қисмати ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии шаҳру ноҳияҳои он барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоид мебошанд. Барои тараққӣ додани сайёҳӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чораҳои лозима андешида мешаванд. Миёни мардум чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ эҳё шуда, ривоҷ ёфтаанд. Инфрасохтор дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи иҷрои чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсеа ёфтааст. Далели ин гуфтаҳо таъмиру тармими даҳҳо километр роҳҳо, бунёди меҳмонхонаҳои сатҳи гуногуни ҷавобгӯ ба талаботи рӯз, ошхонаҳои милливу дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони ин минтақа мусоидат менамоянд.  
Ба иттилои Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон, феълан дар вилоят 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 меъморӣ ва 86 монументалӣ мебошанд. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз қабили қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, дайри буддоии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ба Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. 
 
«САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ  ОМИЛИ РУШДИ  ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР»
Дар доираи сафар дар шаҳри Бохтар бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзуи «Сайёҳии дохилӣ омили рушди иқтисодиёти кишвар» доир гардид. 
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз дошт, ки пас аз таъсири пандемия ба сайёҳии кишвар рушди сайёҳии дохилӣ пеш гирифта шуд. Қабл аз ин, сафарҳоро ба минтақаҳои Кӯлобу Зарафшон, шаҳри Хуҷанд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ташкил намудем ва имрӯз мо дар минтақаи Бохтар қарор дорем. 
- Аксари ҳамсафарони мо ба ин минтақаҳо бори аввал сафар мекарданд, ҳол он ки кормандони мақомоти гуногуни кишваранд. Ҳамаи онҳо ҳамгоми боздид аз ин ё он мавзеъ таассуроти нав мегирифтанд, - гуфт Ҳ. Амирбекзода. Ба гуфтаи ӯ, мушкили асосие, ки мо чанд сол пеш доштем, ин инфрасохтори зарурии соҳа буд ва дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳалли худро ёфт. Зеро, аллакай, дар дурдасттарин ноҳияи мамлакат меҳмонхона, ошхонаҳо бо шароити зарурӣ, нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳӣ бунёд ёфтаанд.  
Дар шароити ташаккули муносибатҳои бонкдорӣ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок пазируфта шудааст. Дар баробари аҳамияти калони иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ имкон медиҳад, ки раванди тиҷорат ташаккул ёфта, иқтидори мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шавад.
 
БОЗДИД АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Пас аз конфронси миллии сайёҳӣ ширкатдорони пресс - тур аз корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар дидан карданд. Аввалан, боздид аз ҶДММ «Бохтар Шифер» сурат гирифт. Ин корхона баҳри иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат нақши бориз дорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 500 дона шифер буда, бо назардошти талаботи бозор имкони аз ин ҳам бештар истеҳсол намуданро дорад. Барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода  гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон низ ворид мегардад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа шифери истеҳсолшуда, ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаи тулонии он кафолат дода мешавад. 
Сипас, сардхонаи хурди истеҳолӣ, воқеъ дар маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар ба иштирокчиён нишон дода шуд. Сардхона аз ду анбори нагоҳдории меваю сабзавот дар ҳаҷми 500 - тоннагӣ ва анбори нигоҳдории гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ  барои 35 тонна пешбинӣ шудааст. - Мақсади асосии бунёди сардхона таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти меваю сабзавот дар фасли зимистон ва ба даст овардани манфиати иқтисодӣ мебошад, - гуфт Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар. 
Инчунин, иштирокдорон ба хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ташриф оварданд. Замини умумии хоҷагӣ 32 гектар, аз ҷумла ҳавзҳо 20 гектарро, ташкил медиҳанд. Дар ҳавзҳо чор навъи моҳӣ – амури сафед, карп, ялақосӣ, пешонапаҳм, дар умум 60 ҳазор моҳӣ парвариш мешавад. Дар ин мавзеи зебоманзар тамоми шароитҳо барои роҳандозии сайёҳии моҳидорӣ фароҳаманд. 
 
ДАЙРИ БУДДОИИ  АҶИНАТЕППА ВА ТААССУРОТИ  АФСОНАҲОИ ҚАДИМИ ДУР
Дайри буддоии Аҷинатеппа аз маркази ноҳияи Вахш 11 километр дуртар воқеъ буда, харобаи ёдгориҳои дини буддоии нимаи асри Vll ва ибтидои асри Vlll мебошад. То солҳои 50-ум ақидае мавҷуд буд, ки гӯё то ҳол дар он ҷо ҷинҳо сукунат доранд. Тибқи маълумотҳо дар он ҷо солҳои 60-70 аз ҷониби олимон ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронда шуданд. Маълум гардид, ки ин теппаҳои пурасрор дарвоқеъ, пур аз ҷинҳо будаанд. Вале, на дар шакли ҷисми зинда, балки ҳайкалҳои аз сангу гаҷу гил офарида. То соли 1973 Аҷинатеппа пурра таҳқиқ шуд. Он бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100 бар 50 метр ва баландиаш 6 метр буда, аз ду қисми бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан «дайр» ё «маъбад» номида шудаанд. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб буда, аз ҳудуди он расмҳои девории рангоранг, муҷассамаҳои гилин, аз ҷумла муҷассамаи дувоздаҳметраи Буддо, ёфт гардидаанд. Муҷассамаи Буддои хобида айни замон дар Осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудааст. Аҷинатеппа тақрибан 100 сол арзи вуҷуд дошт. Дар нимаи дуюми асри 8 дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. Мутаассифона, Аҷинатеппа имрӯзҳо шаклу зебоии худро бо мурури замон гум кардааст, вале дидани он аз наздик, албатта, ба кас таассуроти аҷиби афсонаҳои қадими дурро мебахшад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»,
Душанбе – Бохтар – Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 7221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед