logo

Хабарҳо

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

 
Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамасола ба пойтахти кишвар навъҳои гуногун ва нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ шинонда мешаванд, ки боиси афзун намудани ҳусни шаҳр мегарданд.
 
Тибқи иттилои мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳр Шералӣ Раҳмонов, дар доираи корҳои ободонӣ дар пойтахт, тибқи нақша, бояд 150 ҳазор бех ниҳол шинонда мешуд. Аммо то имрӯз, дар маҷмуъ, аз тамоми навъҳои дарахтон, аз ҷумла ниҳолу дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ, 226 ҳазору 354 бех, шинонда шудааст. Аз ин миқдор, дарахтони сояафкан 28 ҳазор, ороишӣ 165 ҳазору 228 бех, мевадиҳанда 20 ҳазору 333-торо ташкил медиҳанд. Баробари шинондани дарахту буттаҳо дар шаҳр ба сабз-корию васеъ намудани майдони майсазорҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ин дам дар 364 ҳазору 333 метри мураббаъ майсазор бунёд шудааст.
Дар асоси қарори раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҳудуди  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои ба корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ ҷалб намудани кормандони идораю муассисаҳо ва сокинони шаҳр мусоидат намуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ саҳм гузоранд. Инчунин, дар шинондани дарахтон аз тавсияи олимону мутахассисони соҳа васеъ истифода бурда мешавад.
Рафти корҳои ободонию созандагӣ, маъракаи дарахтшинонӣ бо истифода аз қоидаҳои дурусти  агротехникӣ  ва  боду  ҳавои мусоид, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайругашти сокинон ҳамеша зери назорати раиси шаҳр қарор дорад.
Мувофиқи мушоҳидаҳо, аз шумори умумии дарахтоне, ки шинонда мешаванд, на аксари онҳо месабзанд. Бо сабаби беаҳамиятии масъулон садҳо дарахт мехушкад. Ҳол он ки ниҳолу дарахтони сабзи табиат манбаи оксигенанд. Чи қадар ниҳолу дарахтони сояафкан ва ороишӣ ё мевадор зиёд бошад, ҳавои муҳити зист аз оксиген ғанӣ мегардад. Ҳамчунин, дар фасли тобис-тон ҳавои атмоссфераро мутаъдил нигоҳ медоранд. 
Бинобар ин, ҳар сол дар ҳамин мавсим аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибу самаровар – шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда мебошад, ки бо ин восита гӯшаю канори кишварамон сабзу хуррам мегардад. 
Ин амал воқеан, барои зебоии диёрамон ва тоза нигоҳ доштани атмосфера кумак менамояд. Вале  афсӯс, ки ҳоло зарурати тараққӣ додани ҷангалу дарахтони гуногуни табиати кишвар аз ҷониби аҳолии мамлакат хуб дарк карда нашудааст. Дар самт ин корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бояд бештар кард.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед