Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Дар таркиши дуюми рӯзи чоршанбе дар Кобул дасти кам 7 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории Aamaj News иттилоъ додааст.
Известия. Иҷрокунандаи вазифаи Канслери Олмон Ангела Меркел вазъи паҳншавии коронавирусро дар Олмон вазнин арзёбӣ кард. «Мо бояд бигӯем, ки пандемия ба охир нарасидааст. Баръакс, вазъияти имрӯза вазнин аст. Ман инро дигар хел номида наметавонам. Мавҷи чорум ба мамлакати мо бо тамоми қувва зарба мезанад», - таъкид кард ӯ.
Лента.ру. Том Зауэр, профессори сиёсати байналмилалии Донишгоҳи Антверпени Белгия, изҳор дошт, ки Россия ва Иттиҳоди Аврупо бояд як раванди музокироти шабеҳи Конфронси амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар солҳои 1970-ро оғоз кунанд ва барои иваз намудани НАТО- и феълӣ як созмони муштарак таъсис диҳанд.
Газета.ру. Кишвари аз ҳама бештар ваксинашуда дар Аврупо соати комендантӣ ҷорӣ мекунад. Аз имрӯз сар карда, дар Ирландия бо сабаби афзоиши бемории коронавирус маҳдудиятҳои нав - ба кори тарабхонаҳо ва клубҳои шабона соати комендантӣ ҷорӣ мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2061