Хабарҳо
ҶИУ-ҶИТСУ
Дурахши паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасону ҷавонон (Абу-Даби, АМА) 6 медал (1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Чемпионат аз рӯйи се синну сол – наврасон (U16), ҷавонон (U18) ва (U21), ҳамчунин, миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат гирифт, ки беш аз 1260 варзишгар аз 60 давлат ширкат доштанд.
Медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ Баротов (-50 кг) миёни наврасони то 16-сола сазовор шуд. Дар ин синну сол Фотимахон Гадоева (48 кг) медали нуқра ба даст овард. Нишони дуюми нуқра насиби Абдуманнон Раҳимов (-77 кг, миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд) гашт. Мақомҳои сеюмро Мансур Сабуров (-38 кг, (U16), Файзалӣ Мирзоев (-50кг) ва Суннатулло Набиев (+81кг, (U18) касб намуданд.
Дар Чемпионаи ҷаҳон Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ кард.
ФУТБОЛ
Бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон
Дар варзишгоҳи «Остона Арена» -и шаҳри Нур-Султон бозии рафиқона миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд.
Тибқи иттилои ФФТ, вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон анҷом ёфт. Тӯби ғалабаоварро Бахтиёр Зайнутдинов (дақ.12) ба самар расонд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1542