logo

Хабарҳо

Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

 
Лента.ру. Намояндаи доимии Россия дар СММ Василий Небензя аз хатари паҳншавии фаъолиятҳои террористӣ ва маводи мухаддир ба ҳудуди кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод.  
Дипломат зимни суханронӣ дар Шурои амнияти СММ  зикр кард, ки ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон ба кишвар субот наовард ва чолишҳои нав ба мушкилоти куҳна зам шуданд, ки ин, пеш аз ҳама, ба  набудани эътирофи байналмилалӣ марбут  аст.
Қаблан, роҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс дар ҷаласаи Шурои амнияти созмони байналмилалӣ намояндагони “Толибон”- ро ба нотавонӣ дар муқовимат ба густариши фаъолияти ҷангиёни “Давлати исломӣ”  муттаҳам карда буд.  
 
Ҳушдори Патрушев аз сенарияи эҳтимолии фалокатбор барои Афғонистон
Мир24.  «Агар ҳукуматдорони нави Кобул вазъро ба эътидол наоваранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон кумаки муассир нарасонад, он гоҳ воқеаҳо метавонанд аз рӯи сенарияи фалокатбор, аз ҷумла даври нави ҷанги шаҳрвандӣ, фақри умумии аҳолӣ ва гуруснагӣ  ривоҷ ёбанд», - гуфт дабири Шурои амнияти Россия Николай Патрушев зимни маҷлиси машваратии котибони шуроҳои амнияти мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва.
Ба гуфтаи ӯ, пешгӯйӣ кардан душвор аст, ки оқибатҳои он барои минтақа, кишварҳои ИДМ ва барои тамоми ҷаҳон чӣ хоҳад буд, аммо ӯ итминон дод, ки онҳо ниҳоят манфӣ хоҳанд буд. 
Дар остонаи суханрониҳои ҳамоиши ASTANA CLUB - 2021 гуфта буданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, барои банизомдарории авзоъ дар Афғонистон якҷоя кор кунанд. Дар рӯзи дуюми ҷаласаҳо коршиносони байналмилалӣ ихтилофоти байнидавлатӣ ва чӣ гуна таъсиргузории муноқишаҳои маҳаллӣ ба тамоми минтақаҳоро баррасӣ намуда, онҳо зикр карданд, ки бо Афғонистон на танҳо муколамаи сиёсӣ, балки расондани кумакҳои башардӯстона низ зарур аст.
 
Мирзиёев то охири сол ба Қазоқистон меравад
Мир24. «Сарварони  Қазоқистон ва Ӯзбекистон Қосим-Жомарт Токаев ва Шавкат Мирзиёев зимни суҳбати телефонӣ бо мақсади такони амалӣ бахшидан ба равобити бисёрҷанбаи Қазоқистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли ҷорӣ сафари давлатии роҳбари Ӯзбекистонро ба Қазоқистон ташкил кунанд», - гуфта мешавад дар иттилои  хадамоти матбуоти Токаев. 
Дар робита ба ин, ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур дода шуд, ки муҳтавои босифати музокироти дарпешистодаро дар сатҳи олӣ таъмин намоянд.
Дар ҷараёни суҳбат президентҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Қазоқистон ва Ӯзбекистонро дар тамоми доираи рӯзномаи дуҷониба баррасӣ карданд. Ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ  афзалият дода шуд.
 
СММ:  «Ҳукумати фарогир Афғонистонро аз ҷанги нав наҷот медиҳад»
ТАСС. Эҷоди ҳукумати фарогир ягона роҳи наҷоти Афғонистон аз ҷанги нави шаҳрвандист. Ин матлабро дар нишасти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Ғулом Исҳоқзай, ки аз сӯйи Ҳукумати қаблии кишвар ба ҳайси намояндаи доимӣ дар  СММ таъин шуда буд, изҳор дошт.
«Вазъият дар Афғонистон бениҳоят ноустувор аст. Танҳо бо кумаки ҳукумати фарогир мо метавонем худро аз ҷанги нави шаҳрвандӣ байни намояндагони этникӣ ва аз истифодаи қаламрави Афғонистон ҳамчун паноҳгоҳи террористон муҳофизат кунем», - гуфт ӯ.
Исҳоқзай илова кард, ки таъсиси чунин ҳукумат ба кишвар имкон медиҳад, ки аз ҳолати абадии буҳрони гуманитарӣ ба иқтисоди устувортар гузарад. Инчунин, даъват ба амал овард, ки конфронси байналмилалӣ гузаронда шавад, то дар он ҳалли ин масъала пайдо гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1541
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед