logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» КИТОБИ НАВАШРО РӮНАМОӢ КАРД

Пеш аз маросими ҷамъбасти озмуни   Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара  китоби  «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ шуд.
 
Китобро академик Кароматулло Олимов ва профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Зафари Мирзоён муаррифӣ намуданд. Дар рӯнамоӣ донишҷӯёни донишгоҳҳои Данғара ширкат варзиданд. 
Фирӯз Ҷумъзода, сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзнома  дар оғози рӯнамоӣ гуфт, ки бо эълони озмун ба ин муносибат маводи зиёди  ҷолибу арзанда аз муаллифони касбу кори гуногун ба рӯзнома ворид шуда, ба табъ расидаанд.
- Аз ин миён рамзан 30  мақолаи беҳтарини озмунӣ дар китоб ҷой гирифтааст, - иброз дошт Ф. Ҷумъазода. Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, матлабҳои он ба  Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагору бесобиқаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.
Тавре Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар пешгуфтори китоб таъкид доштаанд: «Ҳарчанд ҳар яке аз муаллифон паҳлуҳои гуногуни фаъолияти пурсамару чашмраси Қаҳрамони Тоҷикистонро менигоранд, бештар эҳсос мекунанд, ки, аслан, онҳо дигар дар навиштаҳо намеғунҷанд.
Матлабҳое, ки интихобан дар ин маҷмуа ҷой дода шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар  сӣ соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бас нек ба хотири пойдории давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ба анҷом расидаанд. Инчунин, дигар тадбирҳои муфид дар ҳоли иҷро қарор доранд».
Ба таъкиди академик Кароматулло Олимов китоб дар баробари бозтоби талошҳои мондагори Пешвои миллат, ҳамчунин, равзанест, ки аз он метавон ба таърихи 30 соли давлатдории тоҷикон назар андӯхт. «Матлабҳои китоб бори дигар ёдовар мешаванду собит месозанд, ки мо  ба ин рӯзҳои нек, ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон бо заҳматҳои бесобиқаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем. Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин кишвару миллатро  аз вартаи ҳалокат раҳонд ва ба оламиён чун давлати таърихан тоҷвар ва мардуми тамаддунофари олам муаррифӣ намуд», - иброз дошт Кароматулло Олимов.  
Зафар Мирзоён бо далели он, ки матлабҳои дар китоб гирдоварда бозгӯйи роҳи пурпечутоби давлатдории навини тоҷикон буда, дар бедориву зиракии сиёсӣ, худогоҳии миллии насли наврас нақши созгор мегузоранд, мутолиаи китобро, пеш аз ҳама, барои ҷавонону наврасон муфид арзёбӣ намуд. «Ҷавонони кишвар «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ»-ро ҳатман бояд мутолиа намоянд ва огоҳ бишаванд, ки Истиқлоли давлатии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама пасмонда  ва  камбисот дониста мешуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз пайомади он 150 ҳазор нафар кушта, ҳамчунин, 7 миллиард доллар зарари иқтисодӣ расонда шуд, ки баробар ба буҷети 18-солаи ҷумҳурӣ буду на камтар аз 90 дарсади аҳолиро дар сатҳи фақру бенавоӣ қарор дод. Тоҷикистон чаро ба чунин ҳол рӯ ба рӯ шуд ва чӣ гуна Пешвои миллат кишварро аз ин варта раҳо кард? Ба ин ва суолҳои дигари вобаста ба  ин  мавзуъ ҷавонон метавонанд аз китоби мазкур посух дарёбанд», -  гуфт Зафар Мирзоён. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2021    №: 232    Мутолиа карданд: 607
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед