logo

иҷтимоиёт

АЗ ШИНОХТИ АСОЛАТ ТО ИҶРОИ РИСОЛАТ

Мардуми сарбаланду фарҳангпарвари вилояти Хатлон ду ҷашни бузург ва ифтихорӣ: 29-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.
Бо ихлосу самимияти хос ва меҳру муҳаббати беандоза дар  симои ҳар яки шумо тамоми мардуми вилояти Хатлонро бахшида ба ин санаҳои таърихии хотирмон табрику муборакбод намуда, саодатмандию хушрӯзиро хоҳонам.
Ба ҳам рост омадани ҷашнҳои 29-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунанд, ки воқеан ҳам, шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.
Саҳифаҳои таърих шоҳиди ҳоланд, ки аз оғоз то кунун халқи тоҷик ба такрор ба нобаробариҳои замон рӯ ба рӯ омадааст, вале забону китоб ва фарзандони фарзона, ки дошт, аз  фаношавӣ наҷот меёфт.
Исботи ин гуфтаҳо корнамоию ҷоннисориҳои фарзандони бонангу сарсупурда, ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва садҳо қаҳрамонони дигар имрӯз ҳам дар зеҳни мардуми мо зиндаву ҷовидон буда, бо корнамоиҳои бузург ба нафъи халқу ватанамон моро ҳидоят месозанд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар амнтарин гӯшаи Ватан, Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт.
Бузургтарин дастоварди ин Иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба майдон омаданд.
Дарвоқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва садоқат дар атрофи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муътабару арҷманди худ сарҷамъ буда, савганди бо аҳду вафои Пешвои муаззами миллатро, ки саропо аз хираду фазилат иборат буд, ҳамчун савганди худ қабул карда, дар партави ҳидоятҳои шоистаи Роҳбари давлат дар самти ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои нав талошу кӯшиш доранд.
Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат, мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ, мактаби ҷасорату матонат буда, дар роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.
Бо назардошти ҳамаи ин, пайваста тарғибу ташвиқ намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти он ва хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар бошад.
Баргузории озмуни бонуфузи эҷодии «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» дар соли 2020 ва озмуни имсолаи эҷодӣ «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷумлаи чунин иқдомҳои арҷгузорӣ ба Пешвои муаззами миллат унвон мешавад.
Басо фараҳбахш аст, ки дар ин озмун ходимони барҷастаи давлатию сиёсӣ, олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, фаъолона иштирок намуданд.
Аксари ин мақолаҳо фарогири дастовардҳои се даҳсолаи истиқлолият ва хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, саҳмаш дар нумӯи арсаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошанд.
 
Амонулло САЛИМЗОДА,
муовини аввали раиси 
вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2021    №: 232    Мутолиа карданд: 562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед