logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАКТАБИ ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Дар лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон ҳассосу душвори сиёсӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (на дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти гурӯҳҳои ифротии  силоҳбадасти ғайриқонунӣ қарор дошт) Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи барои миллати тоҷик тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд. 
Таҳти роҳбарии ин абармарди таърихӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои беназир комёб гардиданд. 
Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Роҳбари давлат ҳаёти худро дар хатар монда, барои музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар мекарданд. Тавассути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш ва гурезагон ба Ватан – ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонда шудаанд. Ҳамин тавр, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст. 
Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин хидматҳои Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Чуноне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ иброз дошта буданд: “ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона”-анд ва минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи аз тариқи раъйпурсӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт. 
Маврид ба зикри хос аст, ки қабули Конститутсия ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид. Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ карда шуда, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил шуданд. 
Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона намудаанд. 
Ҳамагон дар хотир доранд, ки дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, он оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард. Бо қабул ва дар амал татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” (моҳи декабри соли 1994) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ мусодира шуд, ки он дар таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши босазо дорад. 
Маҳз ҳамин иқдомҳои наҷибу дурнигарона буданд, ки ҳоло Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз нигоҳи бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон мақоми намоёнро касб намуда, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба рӯйхати 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё дохил шудааст. 
Маврид ба зикр аст, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди мақомоти прокуратура хеле бузург мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, ҷойи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ гардидааст. 
Пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат 29 январи соли 1994 сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ шуд.  Дар давраҳои баъдӣ сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил ёфта, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар шароитҳои корӣ пурра таъмин гардид. Гузашта аз ин, маоши миёнаи кормандон ба маротиб зиёд гардида, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори Прокуратураи генералӣ раёсату шуъбаҳо ва 20 прокуратураи нав таъсис ва бинои маъмурии 60 прокуратураи шаҳру ноҳияҳо навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардидаанд. Инчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар барои кормандони мақомот 100 хонаи истиқоматӣ барои истифодабарии хизматӣ дода шуданд.
Танҳо давоми солҳои 2011 – 2021 ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии мақомот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардида, 44 нақлиёти хизматӣ, 3 автомашинаи криминалистӣ, ҷомадон ва дигар таҷҳизоти криминалистӣ дастрас  шуданд.
Дар ин давра бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати шоён ва саҳми арзанда дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи кадрҳо, тарғиби қонунгузорӣ 276 корманди мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.
Мақомоти прокуратура айни ҳол аз лиҳози ташкилӣ, моддӣ-техникӣ ва кадрӣ барои иҷрои вазифаҳои дар назди он гузошташуда ҳама имкониятҳоро доро мебошад. 
Таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Прокуратураи генералӣ имрӯзҳо фаъолияти босамари худро идома дода, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд. Кормандони мақомоти прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат пуштибонӣ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, пешрафт ва рушду нумуи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон саҳми худро хоҳанд гузошт. 
Боварӣ дорем, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлати Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин фарзанди баруманди миллат роҳи моро ба сӯйи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд. 
 
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 1074
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед