logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Омӯзгорӣ касби пурифтихор буда, дар кишвар яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид месозанд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. 
Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Агар хоҳем, ки ояндаи Ватанамон шукуфон бошад, пас ба таълиму тарбияи фарзандони миллат ҷиддӣ машғул шавем. 
Бахтиёр Шарифзода дар деҳаи Чавроқи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳия Темурмалик дар оилаи омӯзгор чашм ба олами хастӣ кушода, соли 1989 баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  шаҳри  Кӯлоб  супурда, онро соли 1994 бо дипломи аъло бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм намуд. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори фанни математика ва информатика дар муассисаи таълимии рақами 10 оғоз намуда, соли 2020 ба мактаб- интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Данғара ба кор омад.
Баъди таъсис додани филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара, соли 2005 ҳамчун омӯзгори калони кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ба кор даъват шуд. Аз соли 2007 то 2010 дар вазифаи сардори шуъбаи таълим, солҳои 2010-2013 декани факултети иқтисодӣ, ҳамзамон аз соли 2014 то соли 2020 дар вазифаҳои омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ, сардори маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, мудири шуъбаи ғоибона, декани факултети иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, сардори сектори таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона ва декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият намудааст. Моҳи июли соли 2021 дар шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Таърихи пайдоиши алгебра ва саҳми ниёгони тоҷикон дар инкишофи он дар асрҳои миёна» таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои физика - математика, профессори кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдулҳай Комилӣ аз рӯи ихтисоси таърихи илм ва техника рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Бояд гуфт, ки кори илмии ин олими соҳаи маорифро метавон барои доираи васеи хонандагон ва ихлосмандон ҳамчун дастури таълимӣ тавсия дод. Бахтиёр Шарифзода аз моҳи июни соли 2020 то инҷониб дар мансаби мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара кору фаъолият карда истодааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2021    №: 233    Мутолиа карданд: 1226
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед