logo

иҷтимоиёт

ТИБ. СОҲАИ ДОРУСОЗӢ РӮ БА РУШД ДОРАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳои  хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд:
 
“Имрӯзҳо нарасидани моддаи доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ - обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Ба ин васила, масъалаи моддаи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад”. 
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро мебояд гуфтаҳои Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи кори худ намуда, дар самти дарёфти моддаи нави доруии  сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем.
Мавзуи илмие, ки мо дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино пеша кардаем лоиҳавӣ буда, «Cинтез, хосияти физико-химиявӣ ва биологии пайвастагиҳои комплексии биометаллҳо бо як қатор азол ва аминокислотаҳо» ном дорад ва диққати аксари олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. 
 Ба олимони кафедра муяссар гашт, ки равандҳои комплексҳосилкунии филизоти интиқолӣ, ба мисли оҳан ва мисро, дар маҳлули обӣ бо пайвастҳои гетеросиклӣ омӯхта хулосаҳои илмӣ бароранд. Дар асоси таҳқиқи вобастагии коррелятсионӣ хосияти протолитӣ ва термодинамикии азол ва мураккаботи координатсионӣ аз ҳарорат, қувваи ионии маҳлул ва табиати комплексҳосилкунанда муодилаи нави эмперикӣ пешниҳод карда шуд, ки ин муодила  барои кимиёи координиатсионӣ кашфиёти хеле муҳим аст.
Моддаҳои нави доруии ба тозагӣ дарёфтшуда дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Дибаферрол, Дибакупрол, Албкупрол, Метрарг, Дибасинкат, Албсинкат, Малбсинкат, Синкас ва дигарҳо мебошанд. Ҳамаи моддаҳои зикршуда бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва патенти Авруосиёӣ дифоъ шуда, барои истифода дар муассиса ва хоҷагиҳои кишвар санади ихтироъ дар раванди муолиҷа мураттаб шудааст. 
Албкупрол ва Малбсинкат ба сифати моддаи зидди туфайлӣ антипаразитӣ барои нобуд намудани мониеизҳо истифода мешаванд. Мониеиёзҳо кирмҳои тасмашакл буда дар рӯда ҷой мегиранд. Хосияти антимикробии маводҳои зикршуда дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар асоси қарордоди илмӣ дар Институти масоили амнияти биологии АИК ҶТ омӯхта шудааст. Моддаҳои дар боло зикршуда айни ҳол дар тибби ветеринарӣ истифода мешаванд ва тадриҷан онҳо дар муолиҷаи инсон  истифода хоҳанд шуд. 
Алҳол 90 дарсади доруворӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид ва сифати он дуруст муайян карда намешавад. Моддаҳои доруии дарёфтнамудаи мо пайвастагии комплексӣ буда, тавассути ду хосияти хеш аз моддаҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда фарқ мекунанд. Аввал ин, ки заҳрнокиашон паст ва хосияти муолиҷавиашон баланд аст. Ба ин васила, туфайлиҳо, яъне паразитҳо, кирмҳо ба ин модда наметавонанд унс бигиранд ва устуворӣ зоҳир намоянд. Баъдан, доруҳои аз хориҷ воридшаванда танҳо як намуди туфайлиҳоро нобуд менамоянд. Доруҳои истеҳсолнамудаи мо, ки пайвастаҳои комплексиянд ҳама намуди туфайлиҳо - Нематод, Трематод ва ё Сестодҳоро якбора нобуд мекунанд, ки ин барои иқтисодиёти кишвари азизамон арзон ва қобили истифода буда метавонад.
Мо - олимон дар оянда мекӯшем моддаҳои сифатан тозаро дарёфт намоем, ки назар ба моддаҳои доруии аз хориҷи кишвар воридшаванда камхарҷу таъсирашон хубтару беҳтар бошад ва ба дарди мардум бархӯрда тавонанд. 
Пешниҳодҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди 20 соли рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар пешаи кори худ карда, дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун мутахассис ва дарёфти моддаҳои нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем ва барои рушду нумуи Ватани хеш - Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
 
Наврӯззода Ганҷина Фурқат, 
мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии 
тиббии Тоҷикистон 
ба номи Абуалӣ ибни Сино,
Умаралӣ Раҷабов, 
доктори илмҳои химия, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2021    №: 233    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед