logo

Хабарҳо

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

Бо ибтикори роҳбарони Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати баррасии тағйиру иловаҳои воридшуда ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие,  ки ба фаъолияти муассисаи мазкур иртибот дорад, дар тамоми марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти  олии кишвар суҳбату вохӯриҳо, ҳамзамон, семинарҳои омӯзишӣ доир мешаванд.
Аз ҷумла,  чунин як мулоқот дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гашт. Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятию гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Расул Маъруфӣ, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳайдар Гулаҳмадов, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳомид Ҳошимзода ва  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода, ҳамчунин профессорон – аъзои Шурои дифои назди донишгоҳ, устодону олимон ва  муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд дар ин ҷаласа ширкат варзиданд.
Муъмин Шарифзода ҷиҳати ин вохӯрии басо муфиду судманд дар равнақи кори илмии олимони донишгоҳу муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва расондани кумаки саривақтии машваратию методӣ дар самти бурдани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода роҷеъ ба муҳимтарин раванди омодасозии кадрҳои илмӣ тавассути ҷалби мутахассисони соҳа, таҳияи мавзуъҳои илмии ба самти фаъолияти Шуро мувофиқ, ташкили кори самараноки мушовирии илмӣ аз ҷониби аъзои Шуро ва амсоли инҳо муфассал маълумот дод. Таъкид гардид, ки таъсиси Шурои мазкур падидаи муҳим дар ҳаёти илмии донишгоҳ, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, нақши он дар раванди густариши пажӯҳишоти илмӣ, ҳамгироии илму истеҳсолот хеле муҳим мебошад.
Чунин семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи давлатии кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ бо ширкати васеи олимону устодон доир гашт.
 
Сино ҒАФУРӢ,
Корманди маркази таҳлил ва иттилооти ДДҲБСТ, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед