logo

иҷтимоиёт

ИБТИКОРИ ШОИСТА ФАРОМӮШНОШУДАНИСТ. БАРДОШТ АЗ ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ВМКБ

Пос доштани хотираи бузургони миллат аз хислатҳои накуи инсонист. Маҳз ҷонбозиҳои бемисли онҳо буд, ки то ба ин рӯзҳои хуш - замони ободкориву созандагӣ, фаро гирифтан ба омӯзиши касбу ҳунар, равнақи илму маориф, парвози баланди маҳорати санъатварон ва муваффақиятҳои беназири варзишгарон ва ба хотири дастболо шудани онҳо дар мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар партавафшон гардидани Парчами Тоҷикистон расидем. 
Дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, сардафтари назми муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, устоди назми оламгир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, сиёсатмадороне чун Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров,   олимони саршинос Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигар ҳаммаслакони онҳо басо чашмрас аст. Ҳар кадоми онҳо барои барқарории пояҳои давлатдории тоҷикон, собит сохтани он, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд дораду он қавми кӯчӣ нест,   сина сипар карда, дар роҳи пойдор мондани  ҳақиқати таърих басо ҷонбозиҳо кардаанд. Дар замони истиқлолхоҳии миллати тоҷик кору пайкор ва талошҳои шабонарӯзиву пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии чунин амалҳои шоиста аст. 
Барои боз ҳам шинохти мукаммали фаъолияти  чунин фидоиёни миллат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар партави 30 – солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум,  Шириншоҳ Шоҳтемур ва инъикоси паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли охир дар байни олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, озмунҳои эҷодӣ ташкил намуд. Албатта, чунин иқдоми саривақтӣ ва пурманфиат ҳам барои муаллифони мавод ва ҳам хонандаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» басо зарурӣ ва  аз фоида холӣ нест. Озмунҳои номбаршуда тибқи навиштаҳои кормандони рӯзномаи мазкур дар маҳалҳо хеле пуршукӯҳу пурмуҳтаво доир гашт. 
Мехоҳам аз хусуси ҷамъбасти озмуни  рӯзномаи «Ҷумҳурият» оид ба ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ибрози назар намоям, зеро инҷониб низ  ҳамчун иштирокчии он дар ин сафар ҳузур доштам. Гузарондани озмунҳои гуногун, ба таври маълум, амали нав нест, вале аз рӯйи инсоф гӯем агар, ин гуна ташкил ва таҷлили озмун дар навоҳӣ, шаҳру вилоят аз чанд ҷиҳат мазмуни дигар дорад. Аввал ин ки ғолибон ва иштирокдорони чунин сафарҳои эҷодӣ бо чашми худ хона, зодгоҳи қаҳрамонони миллатро дида, таассуроти нек мебардоранд. Албатта, дар бораи шуҳрату шаъну эътибори онҳо дар байни халқ ва берун аз ҳудуди мамлакат зиёд шунидаем, вале дар  чӣ гуна шароит зистану аз як кулбаи тангу торики фақирона по ба арсаи олам гузоштан ва мисли нигини ангуштарин ҷило додани онҳо касро ба ҳайрат меорад. Ҳамин аст, ки боз ҳам обрӯву эътибори онҳо дар байни ҷомеа меафзояд. 
Ин гуна ҳолатро мо ҳангоми боздид аз хонаи падарии Шириншоҳ Шоҳтемур эҳсос кардем. Кас дар ҳайрат мемонад: як ҷавони ҳамагӣ бист – бисту дусола бо чӣ қадар ғайрату матонат, аз байни қуллаҳои осмонбӯс ба пойтахт ва тавассути он ба шаҳрҳои Тошканду Москва роҳ ёфта, барои барқарорсозии адолати иҷтимоӣ ҷони худро дареғ надоштааст. Оре, ҳамин аст қаҳрамонӣ ва беҳуда набуд, ки  дар замони соҳибистиқлолии Ватан ба таври расмӣ ӯ сазовори  унвони Қаҳрамони Тоҷикистон  гардид.  
Бартарияти дигари  ин озмун аз он иборат буд, ки чун аксарият бори нахуст ба Бадахшон меомаданд, ҳамзамон, бо дигар ҷойҳои таърихии ин мулки зебо, аз ҷумла чашмаи Носири Хисрав ва осорхонаи ӯ, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳои барҳаво, биноҳои маъмуриву маскунии дар замони истиқлолият сохташуда ошно гардида,  аз ин ҳама навсозиҳои дар чанд соли охир ба ваҷд меоянд.  Мо, иштирокдорон ва ғолибони озмунро дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Дарвоз, Рӯшон, Хоруғ ва Шуғнон басо дилгармона пазироӣ карданд, ки фаромӯшношуданист. Садои чангу чағонаи ҳунармандони театрҳо ва қисме аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шеърхонӣ ва рақсу сурудҳои дилошӯби онҳо аз ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву рӯзгори орому осоишта дарак медод.
Яке аз махсусиятҳои сафари мо чун сафарҳои пешини дигар иштирокдорону ғолибони озмун он буд, ки дар ҳайат шахсиятҳои шинохта, адибону рӯзноманигорон ва дигар намояндагони касбу кор қариб аз ҳар минтақаи ҷумҳуриамон  шомил буданд. 
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 15 ноябри соли 2020 то 15 сентябри соли 2021 идома ёфт. Тибқи иттилои масъулон аз 150 маводи ба идора расида, беш аз 80 – тои он нашр гардид. Ҷойи баҳс нест, ки то ин вақт ҳатто худи муаллифон оид ба кору пайкор ва зиндагиномаи Ш. Шоҳтемур хеле кам маълумот доштанд. Вале ташкили ин гуна сабқат онҳоро водор намуд, ки аз мадракҳои зиёде маълумот ҷамъ оварда, дар шоҳтемуршиносӣ саҳм бигиранд. Ин далели он аст, ки халқи тоҷик ҳамеша қаҳрамонони худро дӯст дошта, хотираи онҳоро гиромӣ медорад, то ин ҳадиси мардонагӣ ба дасти ояндагон низ бирасад. 
Нуктаи муҳими ҳайати иштирокдорон ва ғолибони озмун ҷамъбасти ниҳоии он буд. Дар баробари бозтоби рӯзгору корнамоиҳои Қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур филми ҳуҷҷатии «Фарзонафарзанди миллат» низ намоиш дода шуд, ки ба ҳозирин таассуроти нек бахшид. Ба ин васила, руҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ  Шоҳтемур шод ва шеваи фаъолият, марому мақсади ӯ бори дигар варақгардон шуд, ки ҳозирин аз  иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи   «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хушнуд гардида, ҳар сари қадам сипоси худро баён медоштанд.
 
Ҳотами ҲОМИД, 
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед