logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО

 
Парчами давлатӣ ифодаю тасдиқи нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёд ва соҳибаҷдоди тоҷик буда, он эҳсоси ватандорию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҳар як фардро баланд мебардорад ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи моро исбот менамояд.
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон бисту чоруми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки он боиси ифтихори ҳар яке аз соҳибватанон мебошад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи дарки муҳаббату садоқати ҳар яки мо ба давлатдории миллӣ аст ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини диёр зери ливои муқаддаси давлати худ дар тамоми ҷодаҳои хоҷагии халқ шарафмандона кору фаъолият менамоянд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои  хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидона дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдати ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».
Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадим ба парчам эътиқоди бузург  доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Дар парчамҳои аввалини бани башар тасвирҳои ҳайвону парандагон, аз қабили шер, аждаҳо, уқоб, мор ва ғайра мунъакис мегардиданд, ки рамзҳои гуногунро ифодагар буданд ва онҳо дар давраҳои қадим бештар бо амалиёти ҷангӣ пайвастагӣ доштанд. Дар парчами Куруши Кабир уқоб акс ёфта будааст, ки он қудрату тавоноии давлатро маънидод менамуд. Ҳамчунин, парчами Коваи оҳангар , ки аз пешдомани чармин бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои ороишии сурху зарду бунафш ороста шуда, Дирафши Коваёнӣ ном дошт, нишонаи ҷоннисориҳои аҷдодони сарбаланду меҳанпарасти гузаштаи мо мебошад. Парчами мо реша дар таърихи куҳани миллӣ дошта, мувофиқи далелҳои сарчашмаҳои муътамади илмию таърихӣ, аз ҷумла китобҳои қадимии «Авесто» ва «Таърихи Табарӣ» умри пурбаракату пандомӯзи он ба 7000 сол мерасад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди ҳалқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодию истиқлолият шинохта мешавад. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Дирафши Коваёнӣ муддатҳои тулоние барои халқи сарбаланди мо мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои аввалини мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ давлати Тоҷикистон яке аз давлатҳои таркиби он буда,  дар соли 1924 парчами он сурхи якранг буд. Дар канори чапи он акси досу болға, ситора,  пахта  ва навиштаҷоти бо хати арабиасоси форсӣ-«Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!»- ҷой дода шуда буд. Дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон ба дигаргунӣ дучор шуда, сохтораш қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх,  дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойгир шуда буданд. Чунин тарҳи Парчами Тоҷикистони шуравӣ то соли 1991 мавҷуд буд. 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида  шуда, рахи боло ранги сурх дорад ва паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст ва дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал  расми тоҷи тарҳрезишуда, ба болои он ҳафт  ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.  Дар Парчами Ватани маҳбуби мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. 
Рангҳои Парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии тайнамуда ва арзишҳои маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон мебошанд. Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва Истиқлолияти миллӣ дар давоми ҳазорсолаҳо, ранги сафед- бахту саодат, покиву покизагӣ, умеду орзу ба ояндаи дурахшон ва ранги сабз нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ мебошанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаю фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. 
Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳидро  оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва  ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд. Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба ифтихори пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ,  варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад. Парчами давлатии  Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои мақомоти давлатиро зинат мебахшад. 
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ имрӯзҳо ба як ҷашни бошукӯҳи изҳори муҳаббату садоқат ба Ватан ва тантанаи адолату садоқат мубаддал гардидааст.  
 
Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА, 
корманди Прокуратураи генералии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 861
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед