logo

иҷтимоиёт

ҲУШДОР БА НАБЕРАГОНИ ОЛИ СОМОН

(монолог)
Ман Таърихам! Таърихи дунё! Таърихи дунёи қадиму ҷадид! Оне, ки беҳаду ҳисоб ҳодисаву воқеаҳо, таҳаввулоту дигаргуниҳо, бунёдкориҳои азиму харобкориҳои пурдаҳшатро дидааму шаҳодат медиҳам. Тамаддуни башариро аз оғоз то ба имрӯз гувоҳам. Тули ҳазорсолаҳои беохир он қадар дидааму шунидаам, ки агар садяки онро ифшо кунам, боз ҳазорсолаҳо лозим, ки ҳазорҳо котибони ҳақиқатнигор, бале ҳақиқатнигор, натавонанд, ки аз ҳазор як ҳиссаи онро китобат кунанд.
 
Ман Таърихам, таърихи башарият, вале алам дидаам аз худи аҳли башар. Банӣ-башар бисёрҳо маро таҳриф намудаву ба нафъи тӯдае «сиёҳам»-ро сафеду «сафедам»-ро сиёҳ нишон додааст. Наандешидааст, ки Ман Таърихам ва нисбати Ман чунин амали ноҷоро раво дидан хатои маҳз аст. Ва онҳое, ки ба туҳмату таҳрифи Ман даст мезананд, дар назди Ман рӯсиёҳ хоҳанд монд. Ва Ман ҳукм мебарорам нисбати ин тоифаи таҳрифгар, ҳукми қатъӣ, ки онро касеву чизе пок намудаву равонда наметавонад, зеро он ҳукми Ман аст – ҳукми Таърих! Ва ин ҳукм чун нақш дар санги хоро ва ҳатто аз он ҳам ҳазорҳо бор қавитар абадан боқӣ хоҳад монд! 
Пас, эй банӣ-башар, сафҳаҳоямро варақ бигардону аз он сабақ бигир – сабақи Таърих! Ақаллан, ба як ҳазорсола пеш назар биафкану аз саргузашти аҷдодӣ, аз таърихи бобоёнат – Оли Сомон ибрат омӯз! 
Ба ёд биёр, ки давлати бузурги Оли Сомон чаро аз байн рафт? Танҳо Ман тавонистам фарҳангу забонатро бо вуҷуди тангназарии бадхоҳонат дар мағзи ҷони худ ҳифз кунам! Зеро ман Таърихам! 
Акнун Ту соҳибмулкӣ, эй набераи Оли Сомон! Ту соҳибдавлатӣ! Соҳибпарчамӣ! Забонат акнун дар ақсои олам аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон бо лаҳни гуворову шевои худ ба гӯши банӣ-башар мерасад!
Ман Таърихам ва туро ҳушдор медиҳам! Ба қадри ин муқаддасот – Мулк, Давлат, Парчам, Забон бояд бирасӣ! Инро Ман мегӯям бароят – Таърих! 
Ту як бор фирефта шудӣ, ба дасисаву иғво дода шудӣ, бедавлат гаштӣ, ҳазор сол барои дигарон давлат кардӣ! 
Ман Таърихам, ин ҳамаро гувоҳ! Азобатро дидам ва ниҳоят тараҳҳум кардаму ту бори дигар, пас аз ҳазор сол соҳибдавлат гардидӣ! 
Акнун ҳушдорат медиҳам, эй набераи Оли Сомон! Онро бо дасту дандон биқап, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм азиз бидору  қадрдонӣ кун, Истиқлолияташро тақвият ва Ваҳдаташро густариш бидеҳ, ки бори дигар соҳибдавлат шуданатро дар ин ҷаҳони пур аз иғвою дасиса, бо ин сиёсатмадорони моҷароҷӯйи худкома кафолат дода наметавонам! 
Инро Ман – Таърих мегӯям бароятон, эй авлоди Оли Сомон ва эй мардуми Тоҷикистон!
 
Ҳабибулло ЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 902
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед