logo

иқтисод

МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, олимон ва дигар коршиносони соҳа дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ» Конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир гашт.  
 
Улуғбек Умарзода, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, гуфт, ки мақсад аз баргузории конфронси байналмилалӣ - ин мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар сохтмон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани сифати лоиҳакашиву сохтмон,  нархгузорӣ, амалӣ ва барпо намудани ҳамкориҳо ва робитаҳои корию тиҷоратӣ дар самтҳои махсус мебошанд. - Соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир ниёзмандӣ ва талабот ба он мунтазам зиёд мегардад. 
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ баланд гардида, талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии бино ва иншооти сохташаванда меафзояд. 
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, пешрафт намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар шуд. 
Зикр гардид, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводи сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобовари объектҳо гузаронда мешавад. Таъмини бехатарии сейсмикии бино ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин, шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад. 
Дар конфронс, инчунин, Нусратулло Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Аҳмадхон Рӯзиев, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Пӯлод Аминзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, суханронӣ намуданд. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 3017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед