logo

Хабарҳо

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

 
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии “Дурахши ахтари дониш зи истиқлол бошад” баргузор гардид.
Нахуст, бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ду толори лексионӣ барои 200 ҷойи нишаст, маркази TOEFL (тести забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ) ва толори фарҳангии донишкада пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин, меҳмонон аз шароити таҳсилу забономӯзии донишҷӯён, осорхона ва маркази тестии “Exam Preparation Center”-и факултаи забони англисӣ ва дигар марказҳои замонавии муассиса дидан карданд. 
Вазир зимни суханронӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, донишҳои муосир ва худшиносиву ватандӯстиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки донишҷӯёни ин даргоҳ имрӯз муаррифи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонанд ва дар хориҷи кишвар ҳангоми суол аз ҷавонони тоҷик аксаран мегӯянд, ки хатмкардаи донишкадаи давлатии забонҳо ҳастанд.
Ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода дар бораи дастовардҳои донишкада дар тули 30 соли соҳибистиқлолӣ маълумот дода, паём расонд, ки имсол як силсила дастуру китобҳои таълимӣ, монографияҳо ва барномаҳои нав нашр гардидаанд. 
Дар давоми ҳамоиш китобҳои тозанашри “Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат”, “Энсиклопедияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”, “Боргоҳи забоншиносӣ аз равзанаи таърих (таърихи донишкада)”, “Донишномаи забонҳо”, “Улуғзода вафодори Ватан буд” ва “Барномаи таълимии омӯзиши забони англисӣ дар доираи барномаи умумиаврупоии забонҳои хориҷӣ (CEFR)” рӯнамоӣ шуданд.
- Китобҳои мазкур ҳосили ранҷи чандинсолаи устодону олимони донишкада буда, аз таъриху таҳаввули ин боргоҳ ва рушди забономӯзӣ дар кишвар нақл мекунанд, - афзуд Жило Гулназарзода.
Ҳамзамон, маросими ҷамъбасти озмуни якҷояи донишкада ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода роҳандозӣ гардида, ғолибони он бо диплому мукофотпулӣ қадр шуданд.  
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1512
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед