logo

Хабарҳо

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Тоҷикистони навин» конфронси илмӣ - адабӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ, Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доир ба паҳлуҳои гуногуни ниҳоди президентӣ ва хизматҳои мондагори Президенти мамлакат сухан ронданд. 
Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, иброз дошт, ки Рӯзи Президент ба корнамоии шахсияте рост меояд, ки дар ҳассостарин айём ва вазъи муташанниҷ барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои бузург намуда, дар таърихи давлату миллат марҳилаи наверо бунёд гузоштаанд.
Ба гуфтаи Абдураҳим Холиқзода, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи басо мушкилу сангин зимоми роҳбариро бар дӯш гирифта, давоми фаъолияти пурсамарашон ба мақоми президентӣ манзалати зиёд бахшиданд. Имрӯз мақоми Президент мартабаи баландро касб намуда, саҳми он дар пешрафту шукуфоии кишвар, такмили қонунгузорӣ, робитаҳои ҳасана бо кишварҳои дуру наздик, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, худшиносии миллӣ ва ғайра баланд эҳсос мешавад. 
Шоири барҷастаи ватансаро Муҳаммад Ғоиб ба мавзуи васфи хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар эҷодиёти шоирону нависандагони дохилу хориҷ руҷуъ намуда, иброз дошт, ки ҳар як корнамоӣ ё ибтикори пешгирифтаи Сарвари давлат  аз неруи фавқулодааш дарак медиҳад ва ҳамагӣ арзандаи  тавсифанд. 
- Дар айёме, ки ҷаҳл боло гирифта буду яке ба дигаре  гӯш намедод, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои самимию дилпазирашон ҳамагонро сарҷамъ карда тавонистанд. Дар чунин вазъ дил ёфтану сарҷамъ сохтани миллат осон набуд. Президенти мамлакат тули фаъолият бо ҳамин корнамоиҳои ғайриодӣ қаҳрамони сатҳи ҷаҳонӣ гардидаанд, - изҳор намуд Муҳаммад Ғоиб. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед