logo

Хабарҳо

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» бо иштироки доираи васеи олимони ватанию хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гашт. 
 
Сарвари муассиса профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ҳамоишро оғоз бахшида, иброз дошт, ки Донишгоҳ, дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар рушди илми тиб нақши калидӣ дорад. Мактабҳои илмии он аз замони шуравӣ то инҷониб дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мақоми хоса доранд. 
Таъкид шуд, ки фаъолияти илмиву ихтироъкорӣ дар кишвар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашт. Дар сиёсати хирадмандонаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм ва маорифро самти афзалиятноки давлат эълон намуда, аз соли 2000-ум ислоҳоти тиббӣ огоз гардид, ки марҳилаи эҳё ва барқарорсозии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои илмӣ ва  рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки соли равон шоҳиди он гаштем, бо ташаббуси  Пешвои миллат Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт. Мақсад аз таъсиси он, баррасии мушкилоти илм, маориф ва инноватсия ва рушди ин бахшҳо мебошад. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат мо– олимонро водор месозад, ки дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва омода намудани мутахассисони ҷавон ҷидду ҷаҳд намоем. 
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби олимон 37 лоиҳаи илмӣ амалӣ гардида, таҳти роҳбарии онҳо 586 рисолаи илмии номзадӣ ва 73 рисолаи докторӣ ҳимоя гардид, ки нишондоди назаррас мебошад.
Муовини якум вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода дастгирии Ҳукумати мамлакатро дар рушди илми тиб баланд арзёбӣ кард, ки дар пайи ин имконияти табобати бемориҳои гуногун фароҳам омадааст. Ба таъкиди ӯ, аз худ намудани навгониҳои илмӣ ва истифодаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Солҳои ахир даҳҳо кафедраю озмоишгоҳ ва клиникаҳо бо дастгоҳҳои муосир фаъолият менамоянд. Тули фаъолияти 80-солаи Донишгоҳ беш аз 45 ҳазор мутахассиси соҳа тарбия ёфт, ки дар дохил ва хориҷи кишвар кор мекунанд. 
Виктор Олшавский,  намояндаи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, аз он ки илми тиб дар кишвар рушд мекунад, изҳори хушнудӣ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки илм гузарондани тадқиқотҳоро иқдоми нек хонд.  
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардондани системаи омӯзиши илмҳои тибро яке аз дастовардҳои муҳимтарини Донишгоҳ арзёбӣ карда, аз кори табибон дар давраи пандемияи коронавируси идомадошта ситоиш кард: «Кори шумо бебаҳою камназир аст. Дар ин давраи мушкил шумо ба савганди худ содиқ мондед. Халқ инро фаромӯш намесозад». 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1512
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед