logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОЗЕП БОРРЕЛЛ

22 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба пешрафти кишвари мо ва тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал, матраҳ намуданд.
Зимни баррасии заминаи ҳуқуқии муносибатҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо, имзои созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ҷонибҳо дар самти рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расондани кумак баҳри рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID – 19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро миннатдории амиқ баён доштанд.
Сарвари давлати мо, инчунин, ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо аз раванди рушди устувори робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо қаноатмандӣ намуда, ба масъалаҳои густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар зимн, тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо таъкид гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ ба таҳкими амнияту субот дар Тоҷикистон, тамоми минтақаи Осиёи Маркаӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, сохтмони роҳҳои мошингард, пул, хатти интиқоли барқ ва бунёди иншооти дигар дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар зикр гашт.
Ҳамзамон, зимни мулоқот, дар доираи муколамаи сатҳи баланди амниятиву сиёсӣ, оид ба нақши Анҷумани иқтисодӣ, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом изҳори бовар шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд ёфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2021    №: 235    Мутолиа карданд: 4306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед