logo

иҷтимоиёт

ЛИВОИ ПАРАФШОНИ МО. САЙРИ КӮТОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончи, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп - пуштибони Зардушт буд, чунин ёд шудааст: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин, дар «Авесто»  чанд  бор  ҳам аз «дирафши говпайкар» - «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст. Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.
 
Вобаста ба парчамбардории гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». 
Воқеан, чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик оғоз гардад, дар хотираи мардуми тоҷик Коваи оҳангари афсонавӣ пеши назар меояд. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза даст дошт, ба зулму шиканҷа ва бедодӣ тоб наоварда, пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Замоне, ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши Коваён» номиданд ва муборизаи онҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, Парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад. Бори аввал оид ба дирафш ё парчам дар достони асотирии «Кова ва Заҳҳок»-и «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ ёд мешавад.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, ин мардуми тамаддунофар нисбат ба Парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хосса доштанду доранд. Вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз  парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ додан мумкин аст:
Дирафши Коваёнӣ; Штандарти империяи Ҳахоманишӣ; Дирафши давлати Ашкониён; Дирафши давлати Сосониён; Дирафши давлати Сомониён; Дирафши сулолаи Ғӯриён; Парчами Аморати Бухоро; Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон; Байрақи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон; Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар китоби “Авесто” аз номи Аҳуромаздо чунин омадааст: “Чаҳорумин кишвари неке, ки ман - Аҳуромаздо офаридам, Баҳдии зебои афроштадирафш буд”. Аҷдоди мо на танҳо империяҳои абарқудрат, ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониёнро доштанд, балки аз ҷумлаи шарафмандоне буданд, ки ҳамеша бо худ парчам доштанд. Хушбахтона, аз рӯйи расм ва минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд, ки дар ҳақиқат як ҷузъи оини давлатдории тоҷикон ва шоҳиди равшани арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ мебошад.
Парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1 сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро (аз 23 сентябри соли 1921 то 14 августи соли 1923 ва аз 11 октябри соли 1923 то 19 сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд. Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шуданд, ки аслан аз парчами ИҶШС гирифта шуда буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлоли давлатӣ (солҳои 1991 – 1992) то қабули парчами кунунӣ парчами пешинаи шуравиашро бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу болға” ба кор мебурд. Ниҳоят, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он се ранг – сурх, сафед ва сабз нақш ёфта, дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикон мебошад. Қабл аз қабули Нишон ва Парчами давлатӣ озмун эълон шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён гирифт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш гардид, ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи иштирокдорони озмуни лоиҳаи Парчами давлатӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Дар ниҳоят Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намои имрӯзааш мавриди истиқболи умум гардида, қабул шуд.
Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчами давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. 
Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳимтарин санади танзими рӯзгори мо ба ҳисоб меравад, се унсури асосии муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шуданд. Инҳо аломатҳои асосии истиқлол ва рамзҳои ҳастии миллат ба шумор мераванд. Дар байни ин се унсур – Парчами давлатӣ аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллат аҳамияти хосса дорад. 
Аз ин рӯ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами давлатӣ, маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Буду набуди Ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз ҳамин рамзҳо ифода мекунанд.  Бинобар ин, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунад, ки ба қадри неъматҳои ин Ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорад.
 
Амоншо ПАЛАВОНОВ,
омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи 
Коллеҷи информатика ва техникаи 
компютерии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед