logo

иҷтимоиёт

РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муқаддасотест, ки  имрӯз симои кишвари моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, тамаддунофар, ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ ва хайрхоҳи аҳли башар муаррифӣ менамояд. Он агар аз як тараф боиси ифтихори  миллат бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад.
 
Парчами миллӣ, ки ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, дар заминаи холӣ ба миён  наомадааст ва он реша ба умқи таърих дорад. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми  Шурои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти арзишҳои миллӣ ва дар асоси пешниҳодоти олимону равшанфикрони ҷомеа таҳия ва қабул гардид. Он дорои се ранг буда, амалан ифодагари таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи мардуми тамаддунофари тоҷик мебошад.
Дар  асоси муқаррароти моддаи 3  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар  баробари  Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои давлатӣ  маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар сархати аввали ин Низомнома  омадааст: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
Рамзу аломатҳое, ки дар Парчами давлатӣ интихоб шудаанд, ҳар кадом мазмуну муҳтавои амиқе доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият, ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои  фарҳангию  ахлоқӣ, маънавию  илмӣ, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд. Тасвири рангҳо,  тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам  акс ёфтааст, мазмунҳои ба худ хос доранд. Аз ҷумла, ранги сурх – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи  сафед ва покизагӣ  буда, ранги  сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардондани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам – ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора – ҳафт иқлим, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯзи ҳафта дар назар дошта шудааст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида, дар тақвими рӯзҳои ид ворид шуд, ки амри басо судманде дар ростои худшиносии миллист. Ин рӯзи муборак собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлат ва ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки он гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси  ватандории мост.
Бигузор  Парчами миллӣ, ки симои сиёсии давлати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд, ҳамчун рамзи ҳувият, давлатдорӣ, якпорчагии кишвар, ифтихор, нангу номус ва шарафи ҳар сокини ба ору номуси ин сарзамин ҳамеша парафшону поянда бошад! 
 
М. НАСИМЗОДА, 
прокурори ноҳияи Фархор, 
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед