logo

Хабарҳо

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

Дар  ҳама  давру  замон  давлатдорон парчамро  ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ мепиндоштанд ва  чун сарҳад, забон, фарҳанг муқаддас меҳисобиданд. Имрӯз ҳам мо – мардуми сарбаланди тоҷик парчамро эҳтиром мегузорем ва ҳамасола 24 ноябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
 
Дар Нуробод низ ин рӯзро бо тантана пешвоз гирифтанд. Ба ин хотир дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, кормандони шуъбаи маориф, тандурустӣ ва нафарони касбу кори гуногун чорабинӣ доир гардид.              
Додарҷон  Ҷобирзода дар оғози чорабинӣ Рӯзи Парчамро ба ҳозирон муборак гуфт. Таъкид гашт: «Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидии миллат парафшон буда, аз давлати соҳибистиқлолу демократӣ, озоду дунявӣ  ва ягонаамон мужда медиҳад. Парчами давлатӣ барои ҳар як халқу миллат, аз ҷумла барои мо - тоҷикон, муқаддас аст, зеро дар тули таърих ҷиҳати ҳифзи он абармардони миллат ҷонбозиҳо намудаанд. Дар ҳақиқат, рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчам дар ҳар давру замон муаррифгари халқу миллат аст. Доир ба муқаддас будани Парчам устодони сухан, олимон, аҳли қалам асарҳову достонҳо эҷод намудаву зери ин ливои муқаддас  наслҳои гуногуни ҷамъиятро ба нангу номуси ватандорӣ, муттаҳидӣ, ободию осудагӣ, нигоҳ доштани марзу бум, гиромӣ доштани Меҳан ҳидоят намудаанд».    
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Нуробод бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри  соли ҷорӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии шаҳраки Дарбанд Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр қомат афрохт. Сокинони ноҳия бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, бо ифтихор аз Парчами давлатӣ баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саъю талош меварзанд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед