logo

иҷтимоиёт

МИЛЛАТ. ВАҚТЕ ПРЕЗИДЕНТ ҲОМИИ МАНФИАТҲОВУ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. 
Ҳоким Холиқзода, раиси бонк, ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аҳли нишастро ба тамошои филми мустанади “Достони Пешво”, ки фарогири фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, даъват намуд. Сипас, Ҳоким Холиқзода аз таърихи эълон гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент – ин, аввалан, арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан, арҷгузорӣ ба миллат аст. 
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба мақоми Роҳбари давлат интихоб шудан, пеш аз ҳама, барои муттаҳид сохтани мардум ва бедор кардани шуълаи умед дар дили пиру ҷавон ба ояндаи дурахшон, сулҳу осоиши комил, рушду суботи минбаъдаи кишвар талош намуданд. Мардуми ҳақшиноси Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Сарвари худро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ, саҳми бузург дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдат ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор донист, - зикр кард Ҳоким Холиқзода. 
Шоир ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо тазаккур дод, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар, ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Зеро дар чунин давраи ҳассос - низоъҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳондан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон ҳамовоз буд.   
Дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор ва ваҳдат таъмин гашт, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас, хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед