logo

Хабарҳо

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш Муҳиддин Панҷшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Исоҷон Қурбонзода, сардори раёсати инфрасохтори  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Темурҷон Абдулваҳҳобзода, директори Агентии "Тоҷикстандарт" иштирок намуданд.
Нахуст, маросими намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир гардида, соҳибкорон намунаи маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешкаши сокинону меҳмонон намуданд. Ҳамзамон, маҳсули дасти ҳунармандон низ ба намоиш гузошта шуд, ки дар фазои идона бо эҳсоси гарми ватандорию  шукргузорӣ аз амонию осудаҳолӣ хеле хотирмон буд. 
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар доир гардид. Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба гузаронда мешавад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон Муҳиддин Панҷшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз номи Ҳукумати мамлакат соҳибкоронро бо ин муваффақиятҳояшон шодбош намуда, ҷиҳати дар оянда боз ҳам  беҳтар намудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодии мамлакат изҳори андеша  намуд.
Боиси тазаккур аст, ки  озмуни мазкур  дар ду давр доир шуда, дар он 290 корхона ва ташкилоти хизматрасон дархост пешниҳод намуда буданд. Дар натиҷаи хулосаи комиссия, 116 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Он аз рӯи чунин номгӯҳо – маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии  нуқтаҳои савдо гузаронда шуд.  
Дар анҷом ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.                                                                              
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед