logo

Хабарҳо

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» барои рӯзноманигорону кормандони хадамоти матбуот ва коршиносони милливу байналмилалӣ тренинги серӯзаи омӯзишии «Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID - 19» доир кард.
Ҳамоиши мазкур дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони ВАО доир ба ин бемории сироятӣ ва роҳҳои дурусти пешниҳоди иттилоот тавассути  ВАО мебошад. 
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба нақши рӯзноманигорон дар рафъи вазъи сироятёбӣ ва маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 сухан гуфта, нақши ВАО – ро дар пешгирӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ ҷиҳати сироятёби ба ин беморӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ кард. 
Дар ҷараёни ҳамоиш баробари масъалаҳои муҳофизат, инчунин, масъалаи эмгузаронӣ низ, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ваксина яке аз роҳҳои асосии ҷилавгирӣ аз паҳншавии пандемияи COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, журналистонро зарур аст, ки  тавассути таҳияи матолиби гуногун мардумро аз эмкунӣ ва таъсири  мусбати он огоҳ намоянд. 
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии вазорати мазкур гуфт, ки таъмин намудани мардум бо иттилооти саҳеҳ, дақиқ ва санҷидашуда яке аз омилҳои асосии мубориза бо пандемияи COVID-19 аст ва рӯзноманигорон бояд дар сафи пеши ин мубориза бошанд. 
- Айни замон дар кишвар беш аз 4 миллион вояи ваксинаи зидди COVID-19 мавҷуд аст ва ояндаи наздик зиёда аз 700 ҳазор вояи нав ворид мешавад. Кормандони вазорат пайваста талош менамоянд то сокинони кишварро ба эмкунӣ фаро гиранд, аммо, мутаассифона, баъзе шаҳрвандон аз эмукунӣ худдорӣ менамоянд, хусусан дар навоҳӣ. Ин ҳолат, дар навбати худ, барои зуд бартараф намудани мавҷи нави пандемия монеъ мешавад. Дар ин маврид вазифаи асосии рӯзноманигорон тавассути пешниҳоди матлабҳо фаҳмондан ва омода намудани ҷомеа ба эмгузоронӣ мебошад, - гуфт Н. Ҷаъфаров. 
Раиси Ассотсиатсияи тандурустии Тоҷикистон Рустам   Турсунзода оид ба нақши муҳими васоити ахбори омма дар инъикоси масоили гуногун сухан кард. Ӯ гуфт: «COVID-19 ҳаёти мо, ботини мо, ҳатто тафаккури  моро тағйир дод. Муҳити иттилоотӣ дар ин раванд  нақши муҳим бозид, яъне тавассути ВАО дар манбаъҳои гуногун маълумоти шубҳанок паҳн  шуд. Аввалин қурбонии пандемияи COVID-19, ки дар муҳити васоити ахбори омма рух дод, ҳақиқат буд. Набудан ва таҳрифи ҳақиқат боиси ваҳшати ғайричашмдошт дар ҷаҳон гардид ва ба аҳолӣ зарбаи иҷтимоиву равонӣ зад. ВАО бояд нақши калидии худро дар ҳифзи саломатии ҷомеа дарк кунанд».
                                                                              
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1607
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед