logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АБАРМАРДЕ, КИ НАГЗОШТ КАЁНИ ТОҶИКИСТОН БАР БОД БИРАВАД!

Ба номи Ҳақ, на ҳамчун як туристи одӣ, на аз сари сайру саёҳат ва на аз боби дамгирию фароғату истироҳат, ки ба унвони як филмсози мустақил бо ҳазинаи шахсӣ новобаста ба ҳеҷ мақомот ва созмони ҷамъиятию давлатӣ, тайи панҷ сол дар пайи сохтани филме аз фолклор дар Тоҷикистон аз масирҳо гузаштаам.
Аз Душанбе то Хуҷанд, то Панҷакент, то Турсунзода то Кӯлоб ва Даштиҷум, ҳатто то поёни ноҳияи Айнӣ кӯҳ ба кӯҳ, ҷода ба ҷода, кӯча ба кӯча, гаҳ савора, гаҳ пиёда рафтаам ба хонаи мардумони аз ҳар қишр, бузургу кӯчак, сангину гилин ва аз миёнаи шаҳр то таҳи русто даромадаам. Бар сари даҳҳо суфраи эшон меҳмон шудаам, даҳҳо бор нонашонро бо  ман  қисмат  кардаанд  ва намакшонро чашидаам ва аз дасти пурмеҳрашон даҳҳо пиёлаи чой гирифтааму нӯшидаам. 
Бо ин аҳвол, ман бар он шудаам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бинависам ва бахше аз он чи, ки ба гиреҳҳои фикрӣ ва зеҳнии ман боз мегардад, ба риштаи таҳрир дароварам. Онон, ки хулқу хӯи маро ёфтаанд ва бо андешаҳоям ошно гаштаанд, нек медонанд, ки на борам бар замин монда, ки пай тафаққуд аз касе бигардам, на роҳам ба девор расида, ки инояте пайи маслиҳате биталабам. 
Танҳо иттифоқе, ки меафтад, ин аст, ки аз дил то варақ менависам чаро, ки қалам асту ҳадиси нафс асту роҳати виҷдон. Ва, албатта, коре бас душвор аст барои аҳли диле, ки чолишеро баргузидан ва навиштану нигоштан аз марде, ки душманони суханпароканаш аз ҳар амалкарди ӯ чунон тафрит мебофанд ва туҳматҳои норавои ночиз бар вай раво медоранд, ки ҳаё аз шарм фурӯ мерезад.
Барои ман Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон аст.
Беш аз се даҳаи тоқатфарсо, аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ки билфеъл яке аз ду қутби бузурги ҷаҳон башумор мерафт, гузаштааст. Аз он даврон то кунун дунё рӯйи дигаре ба худ гирифтааст ва ҳар чи замон моро бо худ мебарад, зиндагӣ барои башарият дар ҳама ҷо, агарчи модернтар шуда аст, аммо душвортар ва вазинтар тай шудааст, ки Осиёи Миёна аз ин қолаб мустасно нест. 
Дар ин миён ва дар канори сарзаминҳои пошидашуда аз шуравии собиқ ҳузури касе монанди Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳон, ҳамзамон, кишваре мустақил бо унвони Тоҷикистон барои ҳамагон мусаллам аст. Кишваре бо чаҳорчӯб ва қоидаи мушаххас барои қавми решадори тоҷик! Агар пораҳои таърих дар чанд қарни ахирро башумор варақ-варақашро бигардонем, дар ҳар сафҳааш, ки ин қавм хуш нишаста бошанд ё ба онҳо бемеҳрӣ шуда, ё ноҷавонмардона пас ронда шудаанд, ё агар мустақар будаанд, беинсофона дар ҳошия нигоҳ дошта шудаанд. Бисёранд касоне аз тоҷикон, ки даст бар оташи қавмгароӣ доранд, аммо гоҳо дучори воҳимаи таърихи куҳан гаштаанд, ки мо чунин будему чунон будем ва устухонҳои устураҳои сарзаминашонро дар калом ва калимоташон мудом ҷо ба ҷо мекунанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки алорағми ҳамаи доштаҳои ғайри қобили инкор ва ба ҳуқуқи волояшон ва фазилатҳои бемонандашон тайи чанд сад соли ахир ва то пеш аз шаклгирии кишваре мустақил ба номи Тоҷикистон ба қавли Лоиқ Шералӣ: “Ин қавм умед ва орзуҳошон сӯхта буд ва таърихи сангиндил бо дасти ҷабру зулм ба онҳо ҷафо рӯйи ҷафо карда буд” ва ин истиқлол агарчи ҳадияи ноб будааст, аммо ба расмият шиносондани Тоҷикистони мустақил ба ҷаҳониён то ба имрӯз дастовардест, бениҳоят азим, арзишманд, ки талоядори он мардест бо номи Эмомалӣ Раҳмон. 
Эмомалӣ Раҳмон ва ёронаш кӯшидаанд бо бориз нигоҳ доштани нишонҳо ва арзишҳои миллӣ дар зиндагии тоҷикон беҳсозии дарунмарзӣ ва таомулҳои бурунмарзиро барои кишвари Тоҷикистон дар авлавият қарор диҳанд ва ин гуна аст, ки мешавад, ӯро меъмори кишвари Тоҷикистон дар байни дигар милал номид. 
Эмомалӣ  Раҳмон ва ҳамфикронаш дар рос-тои вопаснамондагии мардумони сарзаминаш улгуҳои қобили пазириш ва пешрафтаи ҷаҳониро дар ҳадди тавоноӣ аз ҳар ҷиҳат вом гирифта ва бо ҳифзи каён ва фарҳанги билқувваи тоҷикон талош мекунанд. Агарчи Эмомалӣ Раҳмон, бисёр ёрон ва андешаварзони ҳамсон бо худро ядак мекашад, аммо кам нестанд аз аҳолии фикру сухан, ки ба ҳангоми мувоҷиҳа бо хостгоҳаш дар таоруз бо ӯ сайр мекунанд. Аз мардумони камхондаи суннатҷӯ гирифта, то нухбагони зиёдахондаи таҳлилбоз. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама зӯрҳо ва ҷурҳои пеши рӯяш аз бовар ва масири баргузидааш ҳеҷ гоҳ по пас накашида... 
Беш аз се даҳаи пеш, ӯ муҳосиба карда буд, хеле хушбин бошад, камтар аз ним қарн аз умр замон дорад то таҳкурсӣ ва пайи сохтмони Тоҷикистони истиқлолёфта ва сутунҳояшро бигузорад ва ҳам медонист навсозӣ дар ҳар бистаре, ки бошад, чи сиёсӣ, маданӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ фарояндест, ки аз ранҷҳо ва сахтиҳо ва талхиҳо ва туҳматҳо ва дашномҳо иҷтинобнопазир аст. Қавомёфтагии як кишвари тозатаъсис шохисаҳое дорад, ки ин шохисаҳоро на сари ҳар бозор метавон харид ва на сари ҳар бозор метавон фурӯхт ва Эмомалӣ Раҳмон аз паси касби он барои миллаташ то ба имрӯз баромадааст, ки чакидаи онро метавон, инчунин, хулоса кард.
Аввалан, паноҳи як миллат дар зери сақфи замон, дувумин, пешравӣ дар қобе, яъне ҳадде, ки ҳар рӯзаш беҳтар аз дирӯзаш бошад ва севумин ҷаҳоншумул кардани кишваре ба номи Тоҷикистон барои тоҷикон.
Эмомалӣ Раҳмон бо зарфиятҳои воқеии сарзаминаш ва, албатта, на аз сари воҳима ё хушбоварӣ, ки билфеъл огоҳ аст, ӯ аз миёнаи ошӯбу хун ва ҷанги таҳмилии бародаркушии шаҳрвандӣ ҷон ба дар бурда ва хокрезиҳои зиёдеро як-як пушти сар гузоштааст. Ӯ сарзамине аз сангу кӯҳи хушк, бидуни марзи обӣ ва бештар ноҳамворро ихтиёран бар дӯш гузошта ва кашида ва роҳи пур аз хори мағелонро паймудааст, ба ин бовар, ки: 
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.
 
Ин ки ӯ сақфи на ҳарчанд шоҳона ва баланд, аммо дар ҳадди худ амон бар сари ин миллат қарор додааст. Ин ки ба тамомии ҳамаи афроди миллаташ суфраҳои ҳафтранг ва ҳафтодранг паҳн намешавад, аммо мардумаш нони беташвиш бар дастархонашон мегузоранд ба ин маъност, ки дар миёни роҳбарони аз навъи худ, Эмомалӣ Раҳмон номраи қабулиро гирифтааст ва сад, албатта, (бо стандарте, ки иқлими Тоҷикистонро дар бар мегирад ва шомил мешавад) шохиси ибтидоии ҳама кишварҳои тозаистиқлол ва баъд тавсеаёфтаи ҷаҳон дар ҳама адвори таърих ҳамин буда ва ҳаст ва баъзеҳошон аз ҳамин масир гузаштаанд.
Ин ки сохтори сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони имрӯза бо лоиҳаҳои зерин фазои зеҳнии ман дар ҳар параметраш ҷудогона то чи ҳад созгор аст ё нест, монеъ аз он намешавад, ки ба унвони як журналист ба мизони муносиб тарафдорони Эмомалӣ Раҳмонро дар расонаҳои миллӣ ва мухолифонашро дар дунёи маҷозӣ думбол накунам. Беш аз 5 сол, беш аз 100 соат барномаи ҷиҳатдор ва беҷиҳат дар таъйид ва радди амалкарди Эмомалӣ Раҳмон ва ёронашро дидаам ва шунидаам ва думбол кардаам. Онон, ки бо Эмомалӣ Раҳмон сари носозгорӣ бардоштаанд, аз даре ворид мешаванд, ки вожаи диктаторӣ ё дастнишондагӣ (лақ-лақи) забоншон шуда ва ангуштҳои иттиҳомашонро ба самти ӯ дароз мекунанд, касоне, ки таърихи муосир ва инқилобҳои асоси сарзаминҳои ҳамҷавор ё ҳаммаслак, ё ҳамвазн ва ҳамравиш бо Тоҷикистонро мисли Афғонистон ва Туркия, Эрон ва Ироқу Сурия, ҳатто Мисру ғайраро мӯшикофона нахондаанд ва сарнавишташонро амиқан ва бо решаёбӣ ҷустуҷӯ накардаанд ва бидуни ишора ба вазъияти дохилии Тоҷикистон ва шароити перомунии ин сарзамин дар як аср ва бе он ки беғараз таҳлил кунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чи шароите омад ва дар чи шароите истод ва дар чи шароите инонро ба даст гирифт, гоҳ то ҳадди беарзиш шудани худ ва дидгоҳашон ниқ мезананд ва наъра мекашанд.
Ва намехоҳанд бипазиранд, ки таърихи фардоҳои дури бемо, қазоваташ бар асоси садои карнайи имрӯзи онҳо нест, балки аз даҳаи охири қарни бистум ба майманати саодати расона ва дастрас будани сабти садою тасвир, авҳоми қисса шудаю ривоят шуда дар тули таърихи ариз ва тавили башарият ба содагӣ такрор нахоҳад шуд ва оянда ва ояндагон қилу қоли имрӯзи ин ва онро (ки дар оинаи муҳаддабшон ва муқаарашон бузургнамоӣ ё кӯчакнамоӣ мекунанд), милоки қазовати хеш намегирад. 
Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи маҳкам ва такя бар арзишҳои фардии худ кӯшид дар замонаи аз ҳам гусехтагиҳо ба нафъи сарзаминаш ҳамчун сарбоз нақши муносибе ифо кунад ва аз он ҷо ба баъд ҳамроҳ бо сарнавишт ба ҷойгоҳи феълӣ расидааст. Воқеан, иқдомоти ӯ, нуқтаи атфе дар таърихи ин сарзамин ба ҳисоб меояд. Хислатҳое, ки ӯро аз бисёре раҳбарони сиёсии дуру наздик мутамайиз (фарқ) мекунанд, равшан будани ишқи вофир ба Меҳан ва тоҷикдӯстии ӯст, ки бо қудрати ҳидоят кардан ва мудирияти қотеъ ва таваҷҷуҳ ба асли ҳифзи фарҳанг ва парвариши он омезиш шудааст. 
Дар намоишгоҳи акси Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кувайт фурсате пеш омад бо ӯ салом кунам, даст дароз намудам ва дастфишорӣ кардем... Барои ман, журналисти фаромарзӣ, дастфишорӣ бо мансабдорон ҳаракати нодир нест, вале дастони Эмомалӣ Раҳмон мисли бисёре аз ҳамқаторонаш нарм набуд ва хатти пинаи резеро мешуд миёни он ламс кард ва ҳанӯз осори корварзии 40 соли пешро бар кафи ӯ мешуд ҳис кард... Ӯ фарзанди тоҷу тахт набуда, заҳматкаш буда ва аз табори мардумонаш буда ва мекӯшад аз табори мардум боқӣ бимонад. 
Таҷрибаи ҳирфаиам ва муоширатам бо бозигарон ва бозигардонҳои расонаӣ мегӯяд, ки ӯ аз ин ки нақш бозӣ кунад ва ё пушти сафаҳоти пропаганда чеҳра пинҳон кунад ва ё популистӣ ва авомфиребона амал кунад, аз ҳамаи инҳо убур кардааст ва эҳтиёҷе ба онҳо надорад. Ӯ интихоб карда ба ҷойи ин ки мисли хеле аз ҳамтоёни худ дар кохи раёсатҷумҳурӣ ҷой хуш кунад ва аризаҳои ирсолиро дастчиншуда дарёфт кунад, то ҷое, ки замон дошта бошад ва битавонад ва бигузорандаш рӯбарӯи хеле аз ҷамъият менишинанд, бо кӯдак аз сари завқ кӯдакона ва бо навҷавон аз сари шавқ бепарда ва бо пир аз сари тавозую фурӯтанӣ меҳрубонона гуфтугӯ мекунад, агар битавонад гиреҳҳое боз кунад, дареғ намекунад ва агар натавонад, умедро аз тарафи муқобилаш намегирад. Ҳанӯз кӯдакӣ дарунаш ба шиддат саломат ва зиндааст, ки бо дидани тимсоли модар ашк мерезад ва фориғ аз мансабу мақом бо либосҳои одӣ ба ҷамъи ҳамсоягони маҳаллаи қадимияш сар мезанад ва ҷӯёи аҳволашон мешавад. Ӯ то ҷое пеш меравад, ки ғурури шахсии худро пойи ғурур ва осоишу фараҳи миллаташ мешиканад, дар шодиҳояшон бо онҳо пойкӯбӣ мекунад ва он ҷо, ки зарурат аст, барои ҳусни ният дар пайи суиниятҳои тулонии ҳамсоягони марзӣ ва барои оғози дубора пешқадам мешавад.
Ҳатто, шона ба зери тобути касоне медиҳад, ки ӯро солҳо озурда буданд ва аз ин ки дасти дӯстӣ ба сӯи мухолифонаш (дарунӣ ва берунӣ) дароз кунад, на метарсад, на мегурезад. Ӯ мисли баъзе аз соҳибмансабони ҷаҳон писари ҷавонашро дар Аврупо пайи айшу нӯши пинҳон, ки мӯди кунунии мансабзодагон аст, раҳо намекунад, балки масъулияти сангини идораи шаҳрро бар дӯшаш мегузорад ва коре мекунад користон, пеши чашми ҳамагон ҳуҷҷати падариро бо ӯ тамом мекунад, ки ба унвони падар вазифаи ахлоқии худро тамоман ба ҷо оварда бошад ва вазифаи ахлоқии фарзандро ба ӯ гӯшзад карда бошад. Корҳое бисёранд, ки падарон фаҳмашро надоранд. Бевосита танҳо аз дил то варақ навиштам, чаро ки қалам аст ва ҳадиси нафс аст ва роҳати виҷдон. Эмомалӣ Раҳмон як пиёла чой ҳам дасти ман надодааст, аммо ман ҳар он чи, ки беш аз 3000 километр дар кишвари Тоҷикистон ҷо ба ҷо шудаам ва бедилвопасӣ ва ҳеҷ ташвише зери ҳар сақфи амне аз ҳар даст чой гирифтаю нӯшида бошам, вомдор ҳузури ӯст, ки нагзошта каёни Тоҷикистон бар бод биравад. 
 
Муҳсин РАҲИМӢ, “Ал-Кувайт”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 1555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед