logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ ВОҚЕИЯТИ ЗИНДАГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ. АЗ ИН ИҚБОЛИ БАЛАНД БОЯД ШУКРГУЗОР БОШЕМ

Аз рӯзе, ки бузургтарин орзуи тоҷикон – истиқлол ба воқеияти зиндагӣ табдил ёфт, сӣ сол паси cар шуд. Сӣ сол инҷониб мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон муқаддастарин санаи таърихи навини худро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамояд. Cӣ сол аст, ки аз шуои офтоби истиқлол рӯзгори мо мазмуну таровати тоза пайдо кардааст. Аз қуллаи баланди сӣ соли истиқлол ба роҳи тайшуда менигарем ва бо фараҳу шодӣ дармеёбем, ки чи тавр кошонаву коргоҳ, шаҳру деҳотамон обод, водиҳо сарсабзу хуррам гардидаву мардум зиндагии ободу шоиста доранд ва кишвар ғарқи нуру файзу баракат мебошад.
Мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистон бо руҳбаландию қаноатмандии бузург дарк менамоянд, ки истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, пойдевори давлат, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаашон аст. 
Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки таҳти сарварӣ ва сиёсати хоси давлатсозию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои олии халқи бузургворамон – сулҳ, ваҳдат, оромию осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ҷомаи амал пӯшиданд. Шукрона мегӯем, ки мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем, ки арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ, таъмини зиндагии шоиста ва бунёди мамлакати обод, шукуфон ва пешрафта ҳадафи олии давлат ва ҳукуматамон аст. 
Ба шарофати хираду заковати азалии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватану давлат аз вартаи нобудию парокандагӣ раҳо ёфт. Ирода, ниятҳои нек ва муттаҳидии мардум, ягонагии давлат ва халқ, дастгирию пуштибонӣ аз кору амалҳои Сарвари тавоноямон нусрату шодмонӣ оварданд. Суннатҳои таърихиву фарҳангӣ ва забони ғановатманди мо умри ҷовид пайдо намуданд. 
Ба таъкиду такрор мегӯем, ки халқи оқилу тавоно ва бузурги тоҷик мақсадҳо, кӯшишу талошҳои Сарвари муаззами худро барои наҷоти Ватан ва миллат аз ҳадафҳои ғаразноку ниятҳои нопоки бадхоҳон, душманони дохилию хориҷӣ сари вақт ва дуруст дарк карда, аз дилу ҷон ҷонибдорӣ намуд ва дар атрофи Пешво муттаҳид шуда, ба пирӯзиҳо расид.
Бунёди коргоҳҳои азими саноатӣ, неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ, бахусус мавриди истифода қарор додани ду чархаи НБО «Роғун», иншооти коммуникатсионӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, биноҳои истиқоматии дорои шароитҳои беҳтарини зист ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум - чунинанд мухтасари музаффариятҳои дурахшони истиқлол.
Дар ин радиф, шаҳру деҳоти Панҷакенти бостонӣ ба шарофати соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ба гӯшаи зебо ва назаррабои кишвар мубаддал гардид ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. 
Дар бораи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Панҷакент дар партави ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва дар доираи амалисозии чор ҳадафи стратегии мамлакат, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мисолҳои сершумор овардан мумкин аст. Вале ман бо сипоси беҳад аз ғамхориҳои махсуси Сарвари муаззами мамлакат ба сокинони Панҷакент ёдовар шудан мехоҳам. Ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудани ёдгории 5,5- ҳазорсолаи Саразм муҷиби ифтихори мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид. Бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», роҳи Айнӣ – Панҷакент на танҳо рӯзгори мардуми моро беҳбуд бахшид, балки минтақаҳо ва дилҳои мардуми мамлакатро ба ҳам пайваст.
Солҳои истиқлоли кишвар аз Буҷети давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Панҷакент маблағҳои зиёд ҷудо шудааст. Имрӯз музди маоши миёнаи заҳматкашони Панҷакент ба 2082 сомонӣ расидааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин байни шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба шумор меравад. 
ТАВРЕ ки ҳамагон огоҳанд, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 сентябри соли 2020 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун рамзи тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯзҳо Сарвари давлат дар расми кушодашавии як қатор коргоҳҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори соҳаҳои тандурустию фарҳанг, сайёҳӣ, аз ҷумла бинои нави беморхонаи марказии шаҳр, меҳмонхонаи «Саразм-Плаза», коргоҳи «Мармари Саразм», биноҳои нави МТМУ № 72, РАНДМ дар водии «Зарафшон», дарвоза ва осорхонаи мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм ширкат варзида, бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҶСК «Маърифатпарвар» шинос гардиданд. Ҳамин тавр, дар остонаи ин санаи фархунда, ҳамчунин, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Панҷакент ба ҷилвагоҳи бунёдкорӣ, таҳаввулот ва шукуфоиҳои бештаре табдил ёфта, дар ҳар як кӯчаву гузару маҳаллаи шаҳр, дар ҳудуди ҷамоату деҳаҳо корҳои созандагӣ авҷ гирифтанд. Дар ҳудуди шаҳр ва деҳаҳо бештар аз 450 иншооти таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Истеҳсолоти кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳанг бо суръати баланд рушд карданд. Дар ин муддат басо ҷашнҳои бошукӯҳ, маҳфилҳои бузургдошт, чорабиниҳои фаромӯшнопазир доир шуданд, тарғиби фарҳанги миллӣ бо истифода аз имкониятҳои иттилоотӣ вусъат гирифт. Зиёиёни эҷодкор бо сухани худ, бо навиштаҳои арзишманд, бо заҳматҳои бедареғ сиёсати фарҳангии Сарвари давлатро бо ихлосу садоқат дастгирӣ ва тарғиб намуданд.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ифодагари хештаншиносиву худогоҳист, ки орзуи беш аз ҳазорсолаи халқи фазилатманди мо ба шарофати ҳамин санаи ҳумоюнфол ҷомаи иқбол ба бар намуд. Пас, бо бовари комил метавон гуфт, ки эълони истиқлол шиносномаи таърих, адабиёт, санъат ва маданияти халқи тоҷик гардид. Мардуми сарбаланди Панҷакент дар рушду тарғиби санъату ҳунари баланди миллат низ саҳми арзанда мегузоранд. Кифоя аст, бигӯем, ки хонандаи синфи ёздаҳуми МТМУ № 28, деҳаи Сори деҳоти Моғиён Раъно Насриддинова дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо донишу истеъдоди баланди худ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дастаи санъаткорон ва ҳаваскорони Панҷакент низ дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2021» Шоҳҷоизаро ба даст оварданд. 
Оре, аз тулуи хуршеди истиқлол дунёи иқболи мо – тоҷикон мусаффову нуронӣ шуд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати тоҷикон дар бораи об, ҳифзи пиряхҳо ва ғайра, ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Пас, месазад, ки ҳар яки мо бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи ҳомии истиқлол, суруши сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии Ватанамон саъю талош варзем.
 
Абдухолиқ  ХОЛИҚЗОДА, раиси шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 1296
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед