logo

номаҳо

ВАҚТЕ РОҲБАР МАОРИФПАРВАРАНД...

Басо хушоянд аст, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар рӯйхати иншооте, ки ба хотири Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тартиб ёфтанд, муассисаҳои томактабӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  шомил шуданд ва танҳо ҳамин сол қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Бинои дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ва якошёнаи № 6 дар деҳаи Гулистон ва Нушори ноҳияи Тоҷикобод, бинои иловагии муассисаҳои  таълимии № 36 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва № 8 дар ноҳияи Данғара, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар шаҳри Бохтар ва № 15 дар шаҳри Левакант, Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби хусусии инноватсионӣ» дар шаҳри Бохтар, таъмиру азнавсозии боғчаи «Бону» дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмаликро метавон  аз ҷумла онҳо шумурд.
Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар  муассисаҳои таълимие, ки нав сохта мавриди истифода қарор мегиранд, барои таълим тамоми шароит муҳайё мебошад. Дар ин муассисаҳо одатан синфхонаҳои компютерӣ бо компютерҳо таъмин буда, барои таълими фанҳои химияву биология низ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти таълимӣ мавҷуданд, ки ин дар азхудкунии дарсҳо ба хонандагон кумак менамояд. Ин ҳама гувоҳ аз он аст, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифпарваранд ва тамоми чораҳои заруриро меандешанду пиёда месозанд, то насли наврас аз таълим дур намонанд. Пешвои миллат ҷавононро роҳкушову раҳнамо мебошанд. Ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи омӯзиш ва аз худ кардани донишҳои нав пайваста эҳсос мегардад. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - хонаи умеди мо», ки бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари кишварамон пиёда гардиданд, тарғибгари маърифат ва эҷод мебошанд.
Метавон гуфт, ки маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат буд, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо дар олимпиадаҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд. Эътимод дорем, ки ҷавонон аз шароити барояшон пешбинишуда дуруст истифода мебаранду донишу малакаи худро сайқал медиҳанд. 
 
Мастона СУЛАЙМОНОВА,  
омӯзгори МТМУ № 101, 
шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 6412
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед