logo

сиёсат

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАД

Ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим, вазъ дар Афғонистон аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳое буданд, ки дар нишасти 17-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Вазъи феълӣ дар Афғонистон яке аз мавзуъҳои калидӣ дар ин нишаст ба шумор рафта, ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади мамолики минтақа бо Афғонистон ва тақвияти неруҳои марзбонӣ талошҳои муштараки тарафҳо ба манфиати кор хоҳад буд. 
Дар ҷаласа, ҳамчунин, вобаста ба идомаи ҳамкории густурдаву босамари мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо назардошти пайомадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ, дурнамои равобит миёни ду минтақа дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ гуфтугӯҳои созанда сурат гирифтанд. 
Нуктаи муҳим дар доираи ин ҷаласа, ки 22 – 23 ноябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, гуфтугӯҳои дуҷонибаи мақомоти Тоҷикистон бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Ютта Уриплайнен оид ба тавсеаи ҳамкориҳо буд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз анҷоми мулоқоту музокирот бо Ҷозеп Боррелл натиҷаҳои дидорро самарабахшу дорои аҳамияти муҳим хонд. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷамъи хабарнигорон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон карда, сафари Ҷозеп Борреллро ба ҷумҳурӣ боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлу арзёбӣ намуд.
Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистону намояндагони Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд ва ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро пеш овардааст. 
Сироҷиддин Муҳриддин дар изҳороти худ вобаста ба натиҷаҳои ин дидор гуфт: «Мо масъалаи ба имзо расондани Созишномаи  мукаммали ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати оғоз бахшидан ба раванди музокироти ҷонибҳо барои таҳияи матни созишнома дар соли оянда ба мувофиқа расидем.
Дар мулоқот бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Дар ин замина, тақвият бахшидан ба асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро тақозои рӯз донистем. Дар ин робита, пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо GSP+, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор хоҳад кард, баррасӣ намудем».
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба истиқрори ҳар чи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, таъкид намудаанд. Вобаста ба ин, таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистон омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар дониста шудааст. Зимнан, ҳар чи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшери Афғонистон тавассути эълони оташбас ва кушодани роҳҳо барои расондани ёриҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа, ки дар иҷрои ин амр Муколамаи амниятии сатҳи баланд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо абзори  муҳим ба шумор меравад, дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.
- Мо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар мавзуи об, бахусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, чорабиниҳои марбут ба он ва пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳоро дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор муҳим донистем, - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Тавре эълон гардид, ҳоло Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон дар доираи бастаи дастгирӣ 1 миллиард евро ҷудо намояд. Дар ин бора комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Ютта Уриплайнен хабар дода, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи равобит, рушди ҳамкорӣ ё худ ширикии дуҷониба дар 4 соли оянда ба Тоҷикистон 91 миллион евро ҷудо хоҳад кард.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии Ҷозеп Боррелл ва Ютта Уриплайнен дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз Неругоҳи барқи обии «Норак» низ боздид карданд. Меҳмонони воломақом баъд аз шиносоӣ бо захираҳои обӣ ва зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тақвияти бештари ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои "иқтисоди сабз", энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об баён карданд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед