logo

ҳуқуқ

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ. ПАРЛУМОН ҚОНУНРО ҚАБУЛ КАРД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 24 ноябр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024-ро қабул карданд, ки тибқи он бори аввал дар таърихи навини кишвар зиёдшавии ҳаҷми буҷет дар як сол ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид. 
Зимни баррасии масъалаи мазкур Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молия, гуфт, ки дар раванди таҳияи лоиҳа дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикргардида, қарору барномаҳои Ҳукумати мамлакат, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии ҳамкор,  пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ва дархости мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои молиявии кишвар ба инобат гирифта шуданд. 
- Бо назардошти дар ҳаҷми 103,9 миллиард сомонӣ, яъне бо афзоиши номиналии 11,2 миллиард сомонӣ нисбат ба соли 2021 пешбинӣ шудани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар дар соли 2022 ва рушди воқеии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,9 фоиз, ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, воридоти андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 21,9 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 2,5 миллиард сомонӣ ва воридот аз ҳисоби азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҳаҷми 7,9 миллиард сомонӣ, инчунин, ҷалби грантҳо барои дастгирии буҷет 665 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт вазири молия.
Ҳаҷми даромади ҷории Буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ бо афзоиши 1,7 миллиард сомонӣ (8,5 фоиз), аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 204 миллион (9 фоиз), азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3 миллиард (62,8 фоиз) ва грантҳо барои дастгирии буҷет бо афзоиши 365 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дурнамои қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо назардошти нишондиҳандаҳои қисми даромади он, дар ҳаҷми 33,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 5,5 миллиард сомонӣ ё баробар ба 32,3 фоизи ММД ба нақша гирифта шудааст. Танҳо барои пардохти музди меҳнат 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 27,7 фоизи хароҷоти ҷории Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Чун солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии хароҷоти Буҷети давлатӣ нигоҳ  дошта шуда, барои маблағгузории ин соҳаҳо 14,7 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин 43,8 фоизи хароҷоти Буҷети давлатист. 
- Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2024 давоми мантиқии Буҷети давлатии соли 2022 мебошад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ ба маблағи 37,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2024-ум 40,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, - иброз дошт Файзиддин Қаҳҳорзода. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 2679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед