logo

иҷтимоиёт

ОИНИ ПАРЧАМДОРӢ Ё РАМЗИ ИТТИҲОДИ МИЛЛӢ

 
Оини парчамдорӣ дар тамаддуни деринаву оламшумули мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллиамон маҳсуб мешавад. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, парчами ӯ рамзи як давлати неруманди замонаш дониста мешуд. Ливои Коваи бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ маънидод мегардад. Рангу аломатҳои Парчами миллии мо таҷассумгари масири таърихии мавҷудияти халқи тоҷик – муборизаву ҷоннисориҳо баҳри озодӣ ва истиқлол, фурӯзон нигоҳ доштани шуълаи умеду орзу ва расидан ба бахту саодат, сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ мебошад.
Ниёкони пурифтихори мо дар дарозои таърих зери ливои иттиҳоду устуворӣ ҷамъ омада, бо нури маърифату худогоҳӣ Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг, марзу буми аҷдодӣ ва ҳамин тавр, асолати миллии хешро ҳифз намудаанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу дорои унсурҳои комили давлатдории миллӣ меваи ширину деринтизор ва муқаддаси ин масир аст.
Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба бунёди давлати навини худ иқдом намуд, Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва иттиҳоду сарҷамъии кулли сокинони мамлакат нақши ниҳоят муҳиму таърихӣ бозид. 
Бо қабули Парчами давлатӣ ва ташаббусҳои минбаъдаи ваҳдатгароёнаву сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми аз оташи ҷанг хаставу аз харобкориҳо зиёд зарардида, вале ҳамоно умедвору меҳнатдӯсти кишвар зери ливои озодиву соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, барои ободии Ватани маҳбуб, некуаҳволии мардум ва ҷиҳати табдили он ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта саъю талош намуданд. Ободиву зебоиҳое, ки танҳо дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ва нақша-чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба самар омаданд, мардуми оламро шефтаи тамошову боздид аз Тоҷикистони соҳибистиқлол намудааст. Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф гардидани пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе як далели ин гуфтаҳост.
Хурсандибахш аст, ки ҷавонони мо пайравони содиқи Пешвои миллат буда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Дар партави ҳамин ҷаҳонбинӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат мо, аҳли маориф, мекӯшем насли наврасу ҷавон ва ояндасози миллатро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ тарбият намоем.
 
Шаҳло НУРОВА,
мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед