logo

иҷтимоиёт

ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

 
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурат ба қабули рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Аз ин рӯ, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи соли 1978, ки ба Парчам ва Нишони давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ шуд.
Баъдҳо ман навори Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дидам. Бо як самимият ва муҳаббат Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро бӯсиданд. Дар ин лаҳзаҳо ашк рехтанд. Ин навор, барҳақ, наметавонист сахттарин дилҳоро нарм насозад.
Бузургсолон мегуфтанд, ки ин гуна муносибати Сарвари давлат ба Парчами давлатӣ муҳаббати моро ба он ва Сарварамон афзуд. Бовар кардем, ки ӯ, воқеан, ғамхори ин миллату давлат асту сулҳро барқарор ва пойдор мегардонаду парчамамонро парафшон месозад.
Аз рӯи нақли онҳо, то он замон мардум ба Парчами давлатӣ он қадаре,  ки имрӯз аст, муҳаббат надоштанд. Тухми ин муҳаббатро дар замири дили онҳо Пешвои миллат кошт, ки бор овард. Ман имрӯзҳо мебинам, ки дар хонаҳо, болои мизҳои кории одамон Парчами давлатӣ ба рамзи муҳаббату эҳтиром гузошта шудааст. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ асрори рангҳо ва таърихи қабули парчамро медонанд. Яъне, ин миллат моҳияту рисолати ҳастӣ ва мақоми худро шинохтааст.
Боиси ифтихори ҳар кадоми мо – шаҳрвандони кишвар аст, ки ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама ҷо, дар ҳама гӯшаҳои мамлакат таҷлил менамоянд. Мардум бо муҳаббату сарафрозӣ якдигарро ба ин рӯз, ба ин ид аз самими дил табрик мекунанд. Ин рӯз, дар ҳақиқат, собитгари муқаддасоти миллат – Парчами давлатӣ мебошад.
Дар тамоми маркази шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд ёфтанд. Сокинон аз рӯи муҳаббат ба парчам дар назди он суратҳои хотиравӣ мегиранд.
Дар пойтахти кишвар низ чандин сол боз бо парафшонии Парчами давлатӣ Майдони “Парчами давлатӣ” аз маконҳои дӯстдоштаи шаҳрвандони мамлакат гардидааст.
Ҳар нафаре, ки аз дур ҳам бошад, парафшонии Парчами давлатиро бубинад, хотираш шод мегардад ва мутмаин мешавад, ки сулҳу осоиштагӣ дар кишвар ҳукмрону пойдор мебошад.
Барҳақ, ҳамаи ин туфайли Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро даст додааст. Дар баробари шукргузорӣ аз ин дастоварди бузург, аз ӯ низ шукргузорӣ мекунем ва бо чунин Сарвар ифтихор менамоем.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.                                        
 
С. ҚОДИРОВА, 
мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед