logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Боздошти зане, ки шавҳарашро бо зарби табар кушт
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зани 36-солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда сокини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ҳамин ноҳия буда, 18 ноябри соли ҷорӣ шавҳарашро, ки аз ӯ марди 40-сола ном бурда мешавад, бо зарби табар шадидан маҷруҳ кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ сар зада, ҳоло аз рӯйи он тафтишот идома дорад. 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Корманди милитсияро ба толори суд бурд
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Умед Комилов баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, Умед Комилов ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд «А» барои гӯё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 10000 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазои ҷирима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ менамояд.
 
ДУЗДӢ
Чорводуздон ба даст афтоданд
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони милитсия ду мардеро боздошт карданд, ки ба дуздии чорво гумонбар мешаванд.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, дастгиршудаҳо 16 ноябри соли 2021 аз заминҳои чарогоҳи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён 2 сар чорвои майдаро дуздидаанд.
Зарари расондашуда 3200 сомониро ташкил дода, дар робита ба ин тафтишот оғоз шудааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 3262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед