Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сафарҳои худро то охири соли ҷорӣ эълон кард.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, ӯ ҳафтаи ҷорӣ озими Туркманистон шуда, баъдан моҳи декабр аз Қазоқистон ва Ҷумҳурии Корея дидан мекунад.
RT. Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо раиси Шурои Аврупо Шарл Мишел таваҷҷуҳи ӯро ба истифодаи маводҳои махсуси Лаҳистон алайҳи муҳоҷирон дар марз бо Беларус ҷалб кард.
Росбалт. Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас гуфт, ки Олмон метавонад муносибот бо Россияро беҳбуд бахшад, ба шарте агар Маскав ба музокирот дар «формати Нормандия» баргардад.
Мир 24. Парлумони Қазоқистон буҷаи се соли ояндаро қабул кард. Дар он зиёд кардани маоши муаллимон, духтурон, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва стипендия пешбинӣ шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1585