logo

сиёсат

ҲИДОЯТҲОЕ, КИ ПИРӮЗӢ ОВАРАНД

Хушбахтона, мо - тоҷикон Пешвои ватандӯст ва ҳидояткоре дорем, ки бо сиришти хастагинопазирандаи саршор аз тозаҷӯиву тозакориҳо, саршор аз иқдому ташаббусҳо ва ҳидоятҳои пешбарандаву барозанда пайваста моро ба навовариву бунёдкорӣ ва омӯзишу созандагӣ ангезиш додаву раҳнамоӣ менамоянд. 
Яке  аз  ҳидоятҳои  ҳамешагии  Сарвари кишвари мо, ки аз ташаббусу иқдомҳои шахсиашон сарчашма мегирад, даъват ба бунёдкориву созандагӣ ва шукуфоии саросари кишварамон аст. Аз ёдам намеравад, ки ҳанӯз дар он солҳои гарони нахустини ба сари давлат омадан Сарвари давлат ба ҳама душвориҳо ва тангии рӯзгор нигоҳ накарда, ташаббускори ниҳолшинонӣ ва сарсабз гардондани гирду атроф гардидаву худ нахустин ниҳолҳои рамзиро нишонда буданд. Тули ин ҳама солҳо ҳамин ташаббускориҳову иқдомҳои нав ба нав ҳамеша бо Пешвои миллат ҳамроҳу ҳамқадам буданд. Ин аст, ки имрӯз, пас аз таҷлили боҳашамати Ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон ҳосили ин иқдому ташаббускориҳоро пеши назар овард.
Аввал чизе, ки ҳамчун як шаҳрванди ин сарзамини муқаддас, пас аз ин тантанаҳо бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр кунам, ин аст, ки дар тули ду-се соли охир ба пешвози ин ҷашн, бо нияти сазовор истиқбол гирифтани он, як барномаи бузурги ободкориву созандагӣ дар тамоми гӯшаҳои мамлакат бо даъвати  Сарвари кишварамон амалӣ карда шуд. Ман инро аз беҳтарин падида ва дастоварди солҳои охир дар фаъолияти давлатдории тоҷикон меҳисобам, зеро бо чунин ғайрату фидокориву ҷоннисорӣ барои ободонии диёр якдилу якҷон аз сари нанг бархоставу саҳм гузоштани мардуми тоҷик, моро сарбаланду хушҳол аз комёбиву ободониҳо мегардонад ва далели қавӣ гардидани ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоишу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. 
Дур наравему танҳо дастовардҳои ҳамин панҷ соли охирро аз назар гузаронем. Агар мо муқоиса кунем, симои зоҳирии тамоми марказҳои ноҳияву деҳоти  Тоҷикистон аз ҳисоби бунёди роҳҳои ободи замонавӣ, сохтмони биноҳои нави маъмуриву ҷамъиятӣ, бунёди мактабҳо ва манзилҳои истиқоматӣ, хусусан қасрҳои фарҳангу варзишгоҳҳои бозгӯ ба талаботи замон ва боғу гулгашту гулзорҳои нишотбахш то ба ҳадди ношинохтанӣ дигар шудаанд. Аксари онҳо ба марказҳои ободу зебои замонавӣ табдил ёфтанд, ки кас аз диданашон мафтун мешавад.
Наметавон аз дастовардҳои муҷаллои се соли охир, ки падидаҳои дурахшони ҳаёти маънавии миллатамон маҳсуб меёбанд, хомӯш буд. Ин падидаҳо боз ҳам ҳосили закои Пешвои миллатамон буда, маҳз бо ташаббус, ҳидоятҳо ва дастгириҳои он кас роҳандозӣ гардиданд. Инҳо озмунҳое мебошанд, ки ба маънавиёти миллатамон набзи тоза бахшида, муҳит ва ҳавои солиму созгоре барои тамоми табақаҳои аҳолӣ ва хусусан наврасону ҷавонон, ба вуҷуд оварданд. Ин озмунҳо ҳар яке ҳадаф ва армонҳои бузурги миллиро пайгирӣ мекунанд. Мо аллакай натиҷаҳои неку пурсамар ва руҳбаландкунандаи онҳоро дида истодаем, ки ба ҳавои маънавии халқамон тобишу таровати тоза додаанд. 
Масалан, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бори дигар мо ва миллатамонро ба асолати маънавии худ, ба маънавиёти бузурге, ки беҳин дастоварди миллист, рӯ ба рӯ гузоштааст. Мардум, хусусан ҷавонон, дар саросари кишвар ба китоб рӯ оварданд, асарҳои адибони бузурги гузаштаву имрӯза, асарҳои машҳури адибони бузурги ҷаҳон дасти ба даст ва вирди забон гардиданд. Ҷавонони соҳибистеъдод  ба эҷодкорӣ рӯ оварданд. Довталабони нав боҷуръатона ба майдони назму насри муосир қадам мегузоранд ва мо аминем, ки ин ҳама фардо бенатиҷа нахоҳад буд, ба рушди адабиёту маънавиёти мо таъсири бузурге хоҳад гузошт. Хусусан, номинатсияи назму наср имконият медиҳад, ки ҳар ҷавони боистеъдод бевосита аз ҳар канори кишвар, ҳатто аз дурдасттарин гӯшаи Тоҷикистон ба майдони озмоиши адабиёт роҳ ёбад ва чизеву касе наметавонад садди роҳи ӯ гардад.
Озмуни дигари бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозигардида “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар дастгирӣ, пешрафт ва такомули тозаи ҳунари ҷавононе, ки ҷодаи санъати мусиқӣ ва сарояндагиро ҳам дар самти мусиқии анъанавӣ ва ҳам дар самти мусиқии касбӣ пеш гирифтаанд, саҳми бузург мегузорад. Як эҳё, як талоши наве дар байни ҷавонони ҳунарманд имрӯз саросари кишварро фаро гирифтааст. Чи қадар номҳои нав, истеъдодҳои нодири тоза, ҳунармандони соҳибзавқ ва ояндадор дар тули баргузории ду озмуни солҳои пешин ба майдон омаданду омадан доранд, ки моро аз ояндаи солиму дурахшони маънавии ватанамон паёмҳо медиҳанд. Чи қадар ҳунарҳои хуҷастаи навозандагии асбобҳои миллӣ, ки баъзеҳояшон солҳои охир қариб, ки аз ёд рафта буданд, дубора ҷон гирифтаву ба саҳнаҳо баромаданд. 
Аммо, ҳароина, миллати тоҷик на фақат дар соҳаҳои адабиёту фарҳанг, балки дар соҳаи илмҳои ҷаҳонӣ низ парчамдору номбардор буда, абармардонеро дар олами илм додааст, ки эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Бинобар ин, боз ҳам бо ташаббусу иқдоми Пешвои миллатамон тарҳрезӣ шудану рӯи кор омадани озмуни дигаре бо номи “Илм - фурӯғи маърифат” саривақтӣ буда, аз ҷониби ҳаводорону ташнагони илм, хусусан наврасону ҷавонон ва омӯзгорону волидони онҳо, гарм истиқбол ёфту шоистаи ситоишҳо гардид. Ва мо аминем, ки хеле зуд ҳосили пурсамари ин ташаббуси Пешвои миллатро низ хоҳем дид.
 
Камол  НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2021    №: 238    Мутолиа карданд: 1842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед