logo

иҷтимоиёт

ДУНЁИ НЕКӢ

Тӯлқунбой Деҳқонов дар ободонии деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом нақши зиёд гузоштааст. Ҳисси ободкорӣ ин марди корро ҳар лаҳза ба иқдоми нав илқо менамояд. 
 
- Замоне дар кӯчаҳои ин деҳа гаштан хеле душвор буд, хусусан рӯзҳои шамол аз чангу хоки кӯча чашм кушода намешуду  мавсими боришот кӯлмакҳои он роҳгардиро душвор менамуданд. Ҳамаи ин мушкилот Т. Деҳқоновро бетараф нагузошт ва кӯчаҳои деҳаи Деҳқонободро ба масофаи қариб 6 ва деҳаи Патарро зиёда аз 2 километр бо дастгирии мардуми деҳа мумфарш карда, мушкили мардумро осон намуд, - мегӯяд Ҳамидахон Мамадҷонова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Патар. 
Ҳамасола дар иду айём оилаҳои камбизоатро аёдат мекунад ва дар ҳалли мушкилоташон ёрӣ мерасонад. Соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, шаҳракҳои Сайҳун ва Айнӣ ба 137 оила ба маблағи 31 ҳазору 200 сомонӣ маводи хӯрока дастрас намуд. 30 кӯдаки ятиму ниёзмандро бо сарулибос  таъмин кард. Аз оилаҳои шаҳидони барқарорсозии сохти конститутсионӣ доимо хабар мегирад. «Онҳо барои оромии имрӯз ҷони хешро фидо кардаанд, мо набояд инро аз хотир барорем. Некии мо барои шаҳидон хабаргирӣ ва дастгирии аҳли оилаашон аст», - мегӯяд худи Тӯлқунбой Деҳқонов.
Худ, ки деҳқонзода асту набзи заминро хуб медонад,  барои ҳосилхезии он ҳамасола  амалиёти тоза кардани заҳбурҳоро дастгирӣ менамояд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 - уми Ҷамоати деҳоти Патар бинои нав сохта шуда истодааст, ки дар бунёди он ҳам ҳиссаи бориз дорад. Дер боз сокинони деҳа аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Дар ду мавзеъ чоҳи амудӣ канда,  пойгоҳҳои обкашӣ шинонд, ки аз чуқурии зиёда аз сад метр оби тоза мекашанд ва аҳолии деҳаро бо оби нӯшиданӣ таъмин мекунанд.
Сокини ҳамин деҳа Тошкандбой Бозоров амалҳои ин марди накукорро таҳсин намуда, чунин иброз дошт: «Ба хонаи истиқоматӣ эҳтиёҷ доштаму қудрати сохтани онро на. Солҳо мегузаштанду ман ҳамоно бехонаву дар будам. Аз аҳволам бохабар гашту барои оилаи ман чаҳор дар хонаву ошхонаро бо пешайвонаш сохта дод. Барои чунин ғамхории падарона аз он кас умре миннатдорам».
Тӯлқунбой Деҳқонов барои таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимии ҳудуди деҳот доимо дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар сохтмони толори варзишии МТМУ № 44 ҳиссагузор буда, толори варзиши МТМУ № 19-ро ба пуррагӣ сохта, бинои ин муассисаро аз таъмири асосӣ баровард. Дар  синфхонаҳо дару тирезаи пластикӣ насб намуда, долонашро сафолакпӯш ҳам кард. Акнун хонандагон дар фасли зимистон дарси тарбияи ҷисмониро дар толори муҷаҳҳаз мегузаронанд. Барои ин ғамхорӣ кумитаи падару модарон ва маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳамеша ба ӯ изҳори сипос мекунанд. 
- Хурдсол будему падарам банди кор ба хона дер меомаданд. Дар хона ҳам ҳамеша дар сар андешаеро мепазонданд. Доимо пайи сохтану бунёд кардани чизе буданд. Ба камол расида маънии амалҳои анҷомдодаашонро фаҳмидам. Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олӣ, ки падарам ҳамчун вакил иштирок доштанд, таъсири амиқ гузоштаанд. «Имрӯз Ватани азизи мо - Тоҷикистон ба дасти ободкори фарзандони содиқаш муҳтоҷ аст. Ин Ватанро бояд худи мо обод кунем, касе аз берун барои мо ин корро намекунад», таъкид доштаанд Сарвари давлат. Падарам ин суханонро  сармашқи кору зиндагии худ қарор доданд. Доимо ин гуфтаҳоро такрор ба такрор таъкид мекунанду мегӯянд: «Ҳақ ба ҷониби Ҷаноби Олӣ аст, мо бояд бо дастони хеш Ватанамонро обод созем». Аз он рӯзҳо анқариб 30 сол гузаштаву шукр, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат падар бо дастони ободкорашон дар чанд ҷойи шаҳр нақш гузоштаанд. Ҳанӯз ҳам ин иқдомро давом медиҳанду мегӯянд: «Баҳри ободии Ватан то қудрати як дона хишт мондан дорам, ҳисса мегузорам. Мо бояд дар паҳлуи Президенти ободкорамон бошем», - мегӯяд фарзанди Тӯлқунбой Деҳқонов, Мубина Деҳқонова.
Хушбахтона, чунин иқдомҳои нек имрӯз ба ҳукми анъана даромада, бисёр ҳамватанони саховатмандамон дар ободии кишвар ҳиссаи хешро мегузоранд.                
Соҳибкори муваффақ Тӯлқунбой Деҳқоновро чун шахси саховатпеша ҳаммаҳаллаҳояш мешиносанд. Хусусан, дар деҳоти Патар мардум ӯро чун фарзанди содиқ ва инсоне бо амалҳои нек медонанд, зеро аз кори хайри ӯ  чандин мавзеъ,  обод гаштаву бисёриҳо баҳра бардоштаанд. 
Ҳамчунин, бо ташаббус ва маблағгузории ӯ дар маркази шаҳр қасри «Муроду мақсад»  ва чойхонаи «Мавҷ» бо маҷмуи хизматрасониҳо, дар деҳаи худаш - Деҳқонобод меҳмонхона қад афрохтаанд. Вай дар таъмири чойхонаи деҳа низ ҳиссагузор аст. 
- Қомат афрохтани маҷмааи «Муроду мақсад» ва чойхонаи «Мавҷ» дар  мавзеи таърихии Канди Куҳан фоли нек аст. Мо – шаҳрдорон ташаббуси чунин шахси саховатпешаро мепазирем. Бовар дорем, чунин иқдомро соҳибкорони дигари шаҳр низ дастгирӣ менамоянд. Т. Деҳқонов чойхонаро ба мӯйсафедон ҳадия намуда, кори савобе кард. Чунин ҳимматбаландӣ лоиқи дастгириву пайравист, - гуфт Эминҷон Сангинов, раиси вақти шаҳр.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2021    №: 238    Мутолиа карданд: 1763
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед