logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Вақте зиндагиномаи ӯро варақ мезанем, маълум мегардад, ки ба Ватану миллаташ хидматҳои шоиставу арзанда карда, тули ҳаёти пурбаракат ҳам оилаи намунавӣ, ҳам фарзандони солеҳ ва ҳам номи нек аз худ боқӣ мондааст. Нексириштӣ ва ҳимматбаландӣ намунаи олии инсони комил будани ӯст.
 
Воқеан, генерал-майори хизмати дохилӣ Шовалӣ Сайдамиров ба халқу Ватани худ содиқ буд. Ӯ соли 1948 дар деҳаи Бадгаи ноҳияи Сари Хосори (ҳозира ноҳияи Балҷувон) вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Аз овони хурдсолӣ дар дил орзуи афсари содиқу вафодор шуданро мепарвард. 
Пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Фрунзеи деҳаи Сармайдони ноҳияи Кӯлоб ва Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 30-юми шаҳри Душанбе  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС мепайвандад. Хидмати ҳарбиро сарбаландона анҷом дода, ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дохил мешавад. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ (соли 1972) фаъолияти кориро ба ҳайси муовини командири рота оид ба корҳои сиёсии яке аз қисми ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Коми оғоз намудааст. 
Сипас, солҳои тулонӣ дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ, аз ҷумла командири полк дар шаҳри Душанбе,  фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.
Ҳамчун фарзанди вафодору сарсупурдаи Ватан, солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ фаъолона ширкат варзида, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ шуҷоату қаҳрамонӣ ва мардонагӣ нишон додааст. Маҳз барои иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ соли 1996 ба ӯ рутбаи генерал-майор дода мешавад, ки аз ҷумлаи аввалин генералҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. 
Генерал-майор ба ҳайси муовини сардори раёсати корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи ҶТ (солҳои 2007 – 2011) фаъолият кардааст. 
Шовалӣ Сайдамиров барои хизмати тулонию бенуқсон ва шоистааш дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои зиёд сарфароз гардидааст, аз ҷумла медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» (1984, ИҶШС),  «Ҷасорат» (1999) ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).
Ин марди нексиришт 17 ноябри соли равон дар синни 73 дунёи фониро падруд гуфт, вале аз худ номи нек боқӣ гузошт. Рӯзҳову солҳо мегузаранд ва дар иҷтимои мо арзишҳои дигар пайдо мешаванд, аммо дар тамоми марҳилаҳо ёд ва хотираи фарзандони накуирода боқӣ мемонанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2021    №: 238    Мутолиа карданд: 1951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед