logo

Хабарҳо

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шурои АБП ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Аъзои шуро дар доираи рӯзномаи ҷаласа, дар маҷмуъ, 23 масъаларо оид ба масоили ҷорӣ ва мубрами ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
 
 
Рустами Эмомалӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонсро ба ҳузур пазируфт
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонсро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сӣ сол қабл барқарор шуда, равобити  мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд. 
Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, бахусус бо назардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир таъкид шуд.
 
 
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлу Аскаровро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии сафирро  дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умед кард, ки барои тақвияти муносибатҳои байни ду давлати  дӯст иқдомҳои зарурӣ пеш мегирад.
Дар суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ, байнипарлумонӣ ва байниминатқавӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
 
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви СҲШ иштирок намуд
Ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд. 
Дар ҷаласа  вазъи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, маориф ва илм, иқтисод, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расондани ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ ҳавасманд буда, дар замони муосир татбиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030 саривақтӣ мебошад.
 
 
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия
Дар суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид. 
Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Россия рух додаву дар ҷараёни он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд, муфассал баррасӣ карданд. С. Мухриддин таваҷҷуҳи С. Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард. Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия қарор диҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1588
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед