фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРД:
1.Кишваре, ки дар ҳамаи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол иштирок кардааст. 2. Президенти собиқи Украина Виктор… 3. Кадоме аз узвҳои инсон ҳароратро ҳис намекунад? 4. Варзишгоҳи машҳури Бразилия. 5. Ҳунарманди кино… Делон. 6. Дарё дар Санкт-Петербург. 7. Лагери машҳури пионерон дар Қрим. 8. Номи мева ё паранда. 9. Дарё дар Чин ва Қазоқистон. 10. Достони Ҳомер. 11. Дарё дар Сибир. 12. Номи дигари мулки форсҳо. 13. Маркази Адигеяи Россия. 14. Шоҳи рус, ки Санкт-Петербургро сохтааст. 15. Қалби неругоҳи ядроӣ. 16. … Шалоэр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. 17. Деҳа дар Қирғизистон. 18. Актрисаи Ҳолливуд Ҷеннифер… 19. Найза бо арабӣ. 20. … Думбадзе, адиби шинохтаи гурҷӣ. 21. Як қисми баталион. 22. Ҳиссачаи ишоратӣ. 23. Дӯст ба испанӣ. 24. Дарахти чӯбаш қиматбаҳо.
Фароҳамсоз Шаҳром САФАРОВ, сокини ноҳияи Темурмалик
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ЛИВО» АЗ 19.11.2021:
1. Давлат. 2. Тоҷикистон. 3. Нишон. 4. Нусрат. 5. Тоҷик. 6. Китоб. 7. Бухоро. 8. Офтоб. 9. Бохтар. 10. Ранг. 11. Гандум. 12. Мамлакат. 13. «Тоҷикон». 14. Норак. 15. Кӯлоб. 16. Бурҳон. 17. Нон. 18. Наршахӣ. 19. Истиқлол. 20. Лом. 21. Миллат. 22. Тоқӣ. 23. Имло.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер:
93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ТАБИБИ ТОҶИК
БО МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РОССИЯ ҚАДР ШУД
Бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин табиби тоҷик Сурайё Абдуллоева, корманди беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Москва, барои корнамоиҳояш дар мубориза бо бемории коронавирус бо ордени Пирогов қадр шуд. Дар ин бора, хабаргузории «Спутник» иттилоъ додааст.
Ордени Пирогов мукофоти давлатии Россия буда, 19 июни соли 2020 таъсис ёфтааст. Он ба ифтихори олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов ном гирифтааст ва ба табибон барои нишон додани ҷасорат ҳангоми расондани кумаки тиббӣ дар вазъиятҳои фавқулода, эпидемияҳо ва амалиётҳои ҷангӣ тақдим мегардад.
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
САБАБИ КАМБАҒАЛӢ ЧИСТ?
Фақире аз ҳаким пурсид:
- Барои чӣ ман камбағалам?
Ҳаким посух дод:
- Чунки ту саховату олиҳимматӣ надорӣ.
Камбағал аз дил гузаронд, ки барои саховатманд будан, шахс бояд сарватманд бошад, аз ин рӯ, бигуфт:
- Чӣ гуна метавонам олиҳиммат бошам, ки чизе бахшиданӣ надорам?
- Ту панҷ сарвате дорӣ, ки бо ёрии онҳо метавонӣ эҳсонкор бошӣ, аммо аз онҳо истифода намебарӣ. Тавассути чеҳра метавонӣ ба дигарон табассум ато намоӣ, бо чашмони худ ба одамон назари саршор аз меҳру муҳаббат афканӣ, бо забонат сухани нарму латиф ва меҳрбор бигӯӣ, ба худ хушбахтӣ орзу намоӣ ва дар ҳаққи дигарон амали хайр анҷом бидиҳӣ.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ТАЪЛИМГОҲҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
8. ТАЪЛИМГОҲ БИДУНИ ҚОИДА
Дар шаҳри Торонтои Канада аз соли 1972-юм боз таълимгоҳи алтернативии «Алфа» фаъолият дорад.
Дар таълимгоҳ ба хонандагон баҳо намегузоранд, ҷадвали дарсӣ ҳам вуҷуд надорад ва вазифаи хонагӣ низ дода намешавад. Барои таҳқиру дашноми омӯзгоре ҳеҷ касро сарзаниш намекунанд. Хонандагон худ тасмим мегиранд, ки чӣ гуна рӯзи хонишро созмон диҳанд ва дар кадом дарсҳо иштирок намоянд. Дар синф кӯдакон на аз ҷиҳати синну сол, балки аз рӯи шавқу ҳавас интихоб мешаванд. Илова ба дарсҳои анъанавии хат ва риёзӣ, дарси хӯрокпазӣ, амсиласозӣ ва ҳатто асосҳои фалсафа таълим дода мешавад. Омӯзгорон ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ба донишазхудкунии кӯдакон халал нарасонанд. Албатта, ихтилофҳо низ ҷой доранд. Вале, барои ҳалли онҳо комиссияи махсус даъват мешавад, ки ба ҳайати он ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон шомиланд. Сипас, комиссия роҳҳои ҳалли низоъро пешниҳод мекунад. Аз ҳама муҳим дар ин раванд, пайдоиши созиш мебошад.
Таҳияи Кароматулло АТО
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
5. ПИТОНИ СИЁҲИ ПАЛАНГМОНАНД
(Темный тигровый питон)
Ин мори калонҷуссаи 5,74-метраро питони бирманӣ низ мегӯянд. Ранги зебои он, ҳамчунин, зарофаро ба хотир меорад, ҳарчанд бовар нокарданист, вале табиатан ин ҷонвар низ мисли зарофа оромтабиат аст. Аз ҳамин хотир, аксаран, ӯро ҳамчун ҳайвони хонагӣ парвариш мекунанд. Маъмулан, ин намуди морҳоро дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ вохӯрдан мумкин аст. Питони сиёҳи палангмонанд мисли анакондаҳо сайди худро то мурданаш буғӣ карда, баъд фурӯ мебарад. Дар ҳолати фурӯ бурдани сайди калон, он ҳамагӣ ду-се бор дар як сол шикор мекунаду халос. Парандаву ҳашарот низ аз хӯрокҳои дӯстдоштаи ин ҷонвари бадҳайбат ба ҳисоб мераванд.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЧАРО МАРШАЛ ДУ ЧАШМИ СИҲАТ ДОРАД?
Брежнев, гӯё ин пагоҳӣ бо дасти чап бархоста бошад, бо ғазаб аз Косигин мепурсад:
- Лашкаркаши якчашмаи рус, ки Наполеонро торумор кард, чӣ ном дошт?
- Кутузов.
- Адмирали якчашмаи англис чӣ?
- Нелсон.
-Генерали якчашмаи яҳудӣ чӣ ном дошт?
- Даян.
- Пас, ба ман фаҳмонед, ки чаро Гречкои мо маршал шуда, то ҳол бо ду чашми сапа-сиҳат гашта истодааст?
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
141 078 СОЛИ ЗИНДОН Ё АЙБНОМАИ РЕКОРДӢ
Чамой Тхипасои таиландӣ на барои дастоварде, балки барои ҷиноятҳои қаллобӣ вориди Китоби рекордҳои Гиннес мешавад. Боиси тазаккур аст, ки, дар Таиланд ӯ ҳамчун «маликаи тиҷорати пинҳонӣ» шуҳрат дошт.
Суд соли 1989 Чамой ва 7 шарики дигарашро барои тақаллуб дар амалиётҳои бузургҳаҷми бонкӣ 141 078 сол аз озодӣ маҳрум кард, ки ин дар таҷрибаи ҳуқуқшиносӣ ҳукми бесобиқа шинохта мешавад.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
Имрӯз мардум нархи ҳама чизро медонанд, аммо ба қадрашон намерасанд.
Оскар Уайлд, нависандаи ирландӣ
Таҳияи Нигина РАҲМОН
АЗ ИРОДА ТО АМАЛ
ҶОИЗАДОРИ ОСКАР ДАР ЁЗДАҲСОЛАГӢ
"Гулчаяки хурд, вале қиматбаҳо" – ин номи зеборо ба сеюмин ситораи хурд Анна Пэкуин додаанд, ки дар ёздаҳсолагӣ барои офариниши нақш дар филми “Пианино”(1993) соҳиби Ҷоизаи Оскар гардид.
Барои Аннаи хурдсол роҳ ёфтан ба синамо тасодуфӣ буд, зеро ӯ хоҳарашро дар кастинг ҳамроҳӣ мекард, вале барои иҷрои нақш ӯро интихоб намуданд. Анна 24 июли соли 1982 дар Канада, дар оилаи омӯзгор, ба дунё меояд. Дилбастагияш ба синамо беандоза буд, аз ин рӯ, дар даврони донишҷӯӣ барои наворбардории филм аз таҳсил даст мекашад.
Ҳангоми баргузории маросими мукофотсупорӣ, ӯ бовар надошт, ки бо иҷрои аввалин нақш соҳиби ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, беихтиёр аз чашмонаш ашки шодӣ мерехт.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
7. ЗАРАРИ РУҲӢ – 500 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Соли 1998 дар иёлати Пенсилванияи ИМА воқеаи аҷибе рух дод. Терренс Диксон бо кӯшишҳои зиёд мехост аз хонае, ки онро ғорат карда буд, тавассути гараж барояд. Аммо, бо вуҷуди талошҳояш, дари гараж кушода нашуд. Чанд рӯз дар он ҷо монд ва аз гуруснагии зиёд хӯроки сагро истеъмол намуд. Пас аз раҳо шудан, соҳибхонаро ба додгоҳ кашид.
Дар натиҷа, бо ҳукми судя соҳибхона барои расондани зарари руҳӣ ним миллион доллар товон супурд.
Аз русӣ тарҷумаи Лола РИЗОӢ
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
АСП
Асп, дар баробари ҳайвони хонагӣ будан, барои инсон дӯсти бовафо ва ёрирасон аст. Баъзе халқиятҳо онро, ҳатто, муқаддас низ мешуморанд.
Давомнокии миёнаи умри асп, тақрибан, 25 – 30 солро ташкил медиҳад. Ин ҳайратовар аст, вале аспҳо ҳамҷинсҳои худро дар мусаввара ва акс бармало мешиносанд.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, қувваи ҳофизаи аспҳо ниҳоят қавист, аз ин рӯ, ҳар касе нисбат ба онҳо накуӣ ё бадиро раво мебинад, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Таҳияи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
ДОРОӢ СӮХТ БОКЕ НЕСТ, АГАР…
Боре ба писари Томас Эдисон хабар доданд, ки озмоишгоҳи падараш аланга гирифтаасту касе наметавонад онро хомӯш созад. Писар дарҳол ба худ андешид, ки ин хабарро ба падар расонад, шояд ӯ талхакаф шавад, чун тамоми дороиаш он ҷо маҳфуз аст. Ба ин хотир, ӯро огоҳ накарда, ба ҷои ҳодиса рафт. Чун он ҷо расид, бо ҳайрат дид, ки падараш дар сандалие нишаста, сӯхтани озмоишгоҳашро назора мекунад. Ҳамин дам Эдисон писарашро дида, нидо кард:
- Писарам, бубин, рангомезии шуъла чӣ қадар зебост. Кош, ҳоло модарат низ ин ҷо мебуд ва ин манзараро медид. Камтар касеро муяссар мегардад, ки чунин зебоиро бубинад.
Писар бо тааҷҷуб ҷавоб гуфт:
- Падар, тамоми зиндагиатон дар оташ месӯзаду шумо аз зебоии шуъла ҳарф мезанед. Маро тамоми вуҷудам меларзад, аммо шумо ором нишастаед. Чӣ гуна метавонед осуда бошед?
Эдисон посух дод:
- Писарам, аз дасти ману ту коре намеояд. Пас, мебояд аз тамошои ин манзара ҳаловат бурд. Дар мавриди озмоишгоҳ ва бозсозии он фардо фикр мекунем.
Пас аз як сол Томас Эдисон дар озмоишгоҳи ҷадид фонограф (дастгоҳи сабти овоз)-ро ихтироъ карда, ба ҷаҳониён тақдим намуд. Умуман, ӯ бо ихтирооти зиёди хеш яке аз шахсони сарватмандтарини олам ба шумор мерафт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ҲИККАКЕ 68 СОЛ ДАВОМ КАРД
Шаҳрванди ИМА Чарлз Осборн (1894-1991) дар ҷаҳон ҳамчун шахсе, ки 68 сол ҳиккак задааст, машҳур мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, ӯро ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карданд.
Ба ин дард ӯ дар 28-солагӣ мубтало мешавад ва ҳиккакаш то соли 1990 давом мекунад. Тайи ин солҳо Чарлз қариб 715 миллион маротиба ҳиккак задааст. Дар аввалҳо ба ҳисоби миёна ӯ дар як дақиқа 40 ҳиккак мезад, баъдтар, бо гузашти солҳо, он камтар шуда, 20 – 25 борро ташкил дод.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
БАРОИ ҲАЙВОН ТЕЛЕФОН СОХТАНД
Олимони Британияи Кабир ва Финляндия дастгоҳеро сохтанд, ки саг метавонад тавассути алоқаи видеоӣ ба соҳибаш занг занад. Дар ин бора рӯзномаи The Guardian хабар додааст.
Дастгоҳ шабеҳи тӯбчаи нармест ва DogPhone ном дорад. Ҳангоме ки саг тӯбчаро аз ҷояш меҷунбонад, дарҳол ба воситаи ноутбук бо соҳибаш дар алоқа хоҳад шуд.
Яке аз офарандагони дастгоҳ Илена Ҳирски-Дуглас аз Донишгоҳи Глазго мегӯяд, ки он барои ҳайвоноти хонагӣ, бахусус сагҳо, ки дар танҳоӣ азият мекашанд, басе муфид аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
3. ХАЛИҶИ КАБУДИ ИСЛАНДИЯ
Ҳарорати оби ин ҳавзи зебои геотермалӣ аз 37 то 39 °C - ро ташкил медиҳад. Барои табобати касалиҳои пӯст, ба монанди псориаз, манфиатбахш мебошад.
Тибқи қоидаҳои роиҷи Исландия, ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар он оббозӣ кунанд, бояд худро аввал бо оби муқаррарӣ шустушӯй карда, баъд ба ин ҳавз дароянд. Зеро оби он табиӣ буда, дар истгоҳи барқию гармидиҳӣ гарм карда шудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
18. МАРК КРАСС
Соли 53 пеш аз милод Рими Қадим бо такя ба артиши оламгири худ барои забти шоҳигарии паҳлавониҳо (парфиянҳо) лашкар мекашад. Сарфармондеҳи муваффақ Марк Красс, ки чанде пеш шӯриши ғуломон бо роҳбарии Спартакро шикаст дода буд, императорро бовар мекунонад, ки бе ғалаба барнамегардад. Вале, ғайриинтизори ҳама, артиши 40-ҳазорнафараи римиҳо аз 10 ҳазор лашкариёни паҳлавониҳо сахт шикаст хӯрда, пароканда мешавад.
Хатои Марк Красси номварро ҷангноманависон ба он вобаста медонанд, ки артишашро танҳо аз пиёдагардон созмон медиҳад, дар ҳоле ки тарафи муқобил савораҳои зиёди камонғӯлакдорро дар ихтиёр дошт. Дар авҷи муҳориба, паҳлавониҳои пиёдагард зиракона ва бардурӯғ рӯ ба гурез мениҳанд. Артиши Рим, ки сафҳоро шикаста, дунболи онҳо медавид, дар нимароҳ, ногаҳон, ба қувваи бузурги савораҳо рӯ ба рӯ мезанад. Болои ин ҷангиёни «гуреза»-и паҳлавониҳо якбора рӯ ба майдон оварда, дар паҳлуи камонкашони ҷангии худ рост мешаванд. Дар натиҷа, аз 40 ҳазор аскари забткори Рим нимашон ба гарав афтида, боқимонда ҷон ба саломат намебаранд. Худи Марк Крассро дар Рим ҷазои гӯшношунид интизор буд: барои резондани обрӯи Империяи бузург бояд дар ҳалқаш тиллоро об карда мерехтанд…
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
9. МАРГ АЗ КАСОФАТИ ҲИЛАГАР
Баъзе инсонҳо дар ҳаёт пешаи маккориву ҳилагарӣ ва фиребкориву дурӯғгӯиро касб мекунанд. Бехабар аз он ки рӯзе аз ин пеша на танҳо ба сари худ, балки дигарон низ фалокате меоранд.
Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Ню-Йорки ИМА шахсе дучори садамаи автомобилӣ мегардад, вале бар асари он заррае осеб намебинад ва мехоҳад роҳи худро идома диҳад. Ҳамин дам як роҳгузаре, ки, ба гумони ғолиб, дар ҳилагарӣ шуҳраи олам буд, ба ӯ маслиҳат медиҳад, то барои гирифтани ҷубронпулӣ гӯиё аз садама ҷароҳати вазнин бардошта бошад, дар назди чархҳои мошин худро беҳуш вонамуд кунад. Он шахс розӣ мешавад ва ҳамин ки маслиҳати ҳилагарро иҷро мекунад, ногаҳон мошин ба ҳаракат медарояд ва ӯро пахш карда, мекушад.
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
МАЯКОВСКИЙ МИЁНИ АБЛАҲОН
Боре, ҳангоми маъруза, дар бораи миллатгароии пролетарӣ Маяковский таъкидан иброз медорад, ки дар кадом гӯшаи дунё, ки бошад, худро чун дар Ватан эҳсос мекунад. Аз ҷумла, лутф мекунад, ки «ман миёни русҳо рус ва миёни гурҷиҳо гурҷиам».
Дар ҳамин вақт, як ҷавони худписанд шоири машҳурро изо медиҳам гуфта, аз байни толор луқма мепартояд:
- Миёни аблаҳон чӣ?
Маяковский бе он ки ихтиёрашро аз даст диҳад, мегӯяд:
-Миёни аблаҳон ман бори аввалам, дӯстам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МАЛИКАИ РОССИЯ
ЕКАТЕРИНАИ II
Давоми роҳбарии ӯ буҷети давлат чаҳор маротиба меафзояд.
Тибқи фармони ӯ, қалъаҳои зиёд сохта мешаванд, ки баъдтар ба шаҳри Владикавказ табдил меёбанд. Дар маҷмуъ, солҳои роҳбарии ӯ 144 шаҳр бунёд мегардад.
Тули солҳои сарвариаш (1762 – 1796) танҳо як фармони ҳукми қатлро ба имзо мерасонад.
Барои ривоҷи саёҳат, бо фармони Екатеринаи II дар масири Москва – Санкт-Петербург қасрҳои зиёди хурд-хурд месозанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
БА ДАСТ АФТОДАНИ ЗАВҶАФУРӮШ
Дар Ҳиндустон намояндагони пулис ҷавонеро дастгир намуданд, ки дар фурӯхтани завҷаи худ гунаҳкор дониста мешавад.
Ҷавонон моҳи августи соли ҷорӣ оиладор шуданд. Аз тӯяшон чанд рӯз сипарӣ гашту ҷавон завҷаи 26-солаи худро ба марди 55-сола бо нархи 180 ҳазор рупий фурӯхта, бо пулаш телефон харидааст.
Вақте ки волидайни арӯс куҷо будани духтарашонро аз домоди худ мепурсанд, ӯ мегӯяд, ки занаш ӯро партофта рафт. Вале онҳо ба гапи ӯ бовар накарда, ба политсия муроҷиат карданд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои зиёди кормандони ҳифзи ҳуқуқ, зан ба хонаи волидонаш баргардонда шуд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2021 №: 238 Мутолиа карданд: 2949