logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ

27 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов вохӯрданд.
Дар он ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳониву минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро матраҳ карданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидат намояд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ояндадори илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд.
Миёни мусоҳибон, зимни баррасии масоили робитаҳои минтақавӣ оид ба авзои феълии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
27 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Покистон ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи ҳамкориҳо бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо оид ба рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.
Пешниҳод шуд, ки баргузории ҷаласаҳои Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ду кишвар қарор гирад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Татбиқи лоиҳаи САSA – 1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон – Карочи ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.
 
28 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд.
Дар он маҷмуи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда, ба рушду тавсеаи равобити кишварҳоямон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Мусоҳибон зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика, маъдан, дорусозӣ ва масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд.
Густариши муносибатҳо дар бахшҳои бунёди саддҳо, неругоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард аз имкониятҳои дигари робитаҳои судовар номида шуд.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳанро ба бандарҳои обии Эрон, зарур шумурданд. 
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, баррасӣ гашт.
 
28 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати феълии муносибатҳои дӯстии ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо бомуваффақият инкишоф меёбанд ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо Ӯзбекистон қадр мекунад.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар матраҳ гардиданд.
Аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар изҳори қаноат шуд.
Таъкид гашт, ки, барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод, истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти  Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи  лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва  корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ зарур аст.
Барои таъмиқи ҳар чи бештари муносибатҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, нақлиёти роҳи  оҳан, робитаҳои байниминтақавӣ, рақамикунонии иқтисодиёти кишварҳо ва густариши робитаҳои доираҳои илмию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Сарварони давлатҳо зимни суҳбати самимӣ ва созанда, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон омодааст, бо фароҳам овардани имконоти логистикии худ, барои расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.
 
28 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ  бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган вохӯрданд.
Ҳангоми мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидор изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо Туркияро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва, хушбахтона, ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо раванди устувор касб намудаанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ карданд.
 Давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард (2,14) доллари ИМА-ро ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод, имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, самаранок истифода карда шавад.
Аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори қаноат шуд.
Зимни баррасии масоили муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг, ҷонибҳо ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.  
Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Мусоҳибон, ҳамчунин, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи COVID – 19 дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
 
28 ноябр дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев вохӯрданд.
Дар он вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар, инчунин, масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хосса медиҳад ва мо аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.
Ҷонибҳо, ҳамзамон, оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ дар бахшҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар самтҳои судманд ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид доштанд.
Дар зимн, фаъол гардондани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. 
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, пешниҳод гардид, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шаванд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 4219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед