logo

иҷтимоиёт

СУЛҲ БЕҲ АЗ ҶАНГУ ДОВАРӢ

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъу ҳолати ҳассосе қарор дорад, ки ҳатто давлатҳои абарқудрат тавони пешгӯӣ кардани онро надоштанд. Мутаассифона, дар пайи бозиҳои пасипардагии иддае аз абарқудратҳо вазъ дар сарҳадоти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кишвари ҳамсояи Афғонистони ҷангзада ҳудуди 1400 километр сарҳади давлатии муштарак дорад, печида гардида, боиси ташвишу нигаронӣ шудааст.
Тоҷикистон бо мавзеъгирии хоси худ дар баробари ҳаводиси Афғонистон, дар сафи пеши кишварҳое қарор гирифт, ки ҳукумати “Толибон” (ҳаракати иртиҷоии фаъолияташ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ) ошкоро эътироф накарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки ҷонибдори ҳукумати ҳамашумуле дар Афғонистон аст, ки дар он ҳуқуқи ҳамаи ақаллиятҳои қавмӣ риоя шавад.
Хушбахтона, бо гузашти вақт ҷонибдорони чунин мавзеъгирӣ дар мисоли давлатҳои Ҳиндустон, Италия, Фаронса, Эрон, Туркия, Федератсияи Россия то ҳадде афзуд. Аз мавқеи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иддае аз сарварони давлатҳо дар шигифт ҳам афтодаанд, ки аз дарки моҳияту масъулияти мардуми минтақа ё дуранд, ё онро нодида мегиранд. Дар даргириҳои хунини солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ва гуреза шудани қисме аз ҳамватанҳои мо бародарони афғон бо вуҷуди дар вазъи нохуби сиёсӣ – иқтисодӣ қарор доштан, ба ҳайси муҳоҷири иҷборӣ хуш пазируфтанд.
Ҳамчун сокини ноҳияи сарҳадӣ боре ҳам мушоҳида нанамудаам, ки аз тарафи Афғонистон ҳаракатҳои ҷангҷӯёнае рух дода бошанд. Яъне, мо бинобар муштаракоти бисёрҷониба доштан, ҳамеша дар фазои тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар қарор доштем. Аз ҷумла, эътирофи чанде қабл ироагардидаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки беш аз  45 фоизи аҳолӣ дар Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, далели он аст, ки бетараф буда наметавонем. Ҳуқуқи маънавии пуштибонӣ накардан аз ҳуқуқи тоҷикону дигар ақвоми Афғонистонро надорем. Балки ҳамчун ҳамсоя вазифадор ҳастем, ки дар кори барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзада, ҳам ба хотири манофеи онҳо, ҳам манофеи амниятии худ мусоидат намоем ва инро дахолат ба корҳои дохилии давлати хориҷа маънидод намудан, мантиқе надорад. 
Бинобар ин, ҳамчун як шаҳрванди одӣ бо пуштибонӣ аз мавқеи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, андешаи худро иброз намудам ва ба мардум муроҷиат карда, гуфтаниам, ки мо, сокинони Тоҷикистон,  дар атрофи Сарвари давлат дар ин рӯзҳои мушкил муттаҳидтар гардем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро лаҳзае ҳам бошад, ба фаромӯшӣ набарем. Ба иғвою дасисаҳои хоинону душманони миллати тоҷик дода нашавем ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошем.
 
Карим АНВАРОВ,
нотариуси калони идораи 
нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, 
мушовири адлияи дараҷаи ІІ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед