logo

номаҳо

ДУШАНБЕ ГУЛ МЕКУНАД. РАҲМАТ БА ПАДАРУ ПИСАРИ ШАҲРСОЗ

«Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти фитодае бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоистае номи худ ва номи миллатро баланд бардорад». 

Эмомалӣ РАҲМОН
 
Шаҳри Душанбе солҳои охир хеле зебо шуда истодааст. Дар фазои орому осудаи ин шаҳр зиндагӣ карда, ҳар сокини он ба Пешвои миллат ва шаҳриёри ҷавони он таҳсину ташаккур мегӯяд. Гулбоғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзиш, кӯчаҳои тозаву озода, биноҳои зебову замонавии аз нигоҳи меъморӣ дилчаспу осмонбӯс, нақлиёти наву замонавӣ ва ҳамаи бунёдкориву созандагӣ барои сокинони Душанбешаҳр аст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост. Мо аз Ватани биҳиштосо, аз Пешвои азизи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ мефахрем ва шукргузорӣ мекунем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан наврасону ҷавонон, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».
Мо боварии комил дорем, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориву созандагии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд ва пойтахти кишвари маҳбуби мо - Душанбе боз ҳам ободу зебо мегардад. Мо, ҷавонон, чунин ташаббусу иқдоми созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳри Душанберо комилан ҷонибдорӣ менамоем ва мехоҳем, ки дар ин амалҳои неку бунёдкорона саҳмгузор бошем.  
 
Баҳодур ДӮСТМАТОВ, Кибриё РАҲМАТОВА, 
Парниён НАБОТОВА, устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 6327
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед