logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайданро ба ҳузур пазируфт.
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки новобаста аз пайомадҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, Тоҷикистон тавонист тавассути андешидани тадбирҳо рушди воқеии иқтисодиётро таъмин намояд. Натиҷаи чораҳои андешида буд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар давраи моҳҳои январ - октябри соли ҷорӣ 78,9 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 9,0 фоизро ташкил намуд ва рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ зиёд мебошад. Зимни мулоқот, вобаста ба таҳияи лоиҳаи “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии монетарии Подшоҳии Арабистони Саудӣ” ва тезондани имзои “Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд” низ табодули афкор сурат гирифт.
“Дар баробари ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат дар кишвар шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда шуд. Махсусан, барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ имкониятҳои васеъ пешбинӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба манфиат хоҳад буд”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти бартараф намудани пайомадҳои пандемия ва таъмини рушди иқтисодии кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳони тақвияти бештари муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масоили мубодилаи иттилоот байни бонкҳои марказӣ, бозомӯзии кормандони низоми бонкии ду кишвар ва рушди бозори суғурта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ иброз намуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед