logo

иҷтимоиёт

АЗ БАРИ ҚУЛЛАҲОИ ОСМОНБӮС

 
Сокинони меҳнатдӯст ва сарбаланду саодатманди ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хушнудӣ ва бо фараҳмандии бепоён шоҳиди  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  чанд иншооти самтҳои гуногун, аз ҷумла маркази адлия ва  майдони хурди варзиш дар  маҳаллаи Анҷирак,  ба истифода  додани  се корхонаи  нави саноатӣ дар мавзеи Дуробаки деҳоти Қалъаихумб, инчунин, иштироки Роҳбари давлат  дар фестивали ҷумҳуриявии асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ шуданд. 
 
Мавриди баҳрабардорӣ  гардидани роҳи  Ёгед - Қалъаихумби шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма   барои  мардуми   шаҳру навоҳии вилоят воқеаи   хурсандибахштарин ба шумор меравад. Ба гуфтаи коршиносон, аз ҷумла мутахассиси соҳаи роҳдорӣ   Муҳаммадҷон Ширинҷонов, роҳу пулҳо ва дигар  иншооти  сохташуда ба меъёрҳо ва талаботи роҳсозии ҷаҳонӣ пурра  ҷавобгӯй бошанд.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ Пешвои муаззами миллат аз он хусус ёдовар шуданд, ки соли 1999,  вақте ки қитъаи  мушкилтарини  роҳи Кӯлоб – Шоҳон - Зиғар дар мавзеи Тангнои Дарвоз ва Камарбанд бунёд гардид, сокинони деҳаи Хостав гуфтанд, ки муҳандисони шуравӣ ба Девдара омада, сад бор чен карданду  чен карданд ва ниҳоят  хаста шуда, гуфтанд, ки аз ин масири касногузар, ки се тараф кӯҳҳои сарбагардун воқеъ гардидаанд ва як тарафи дигар дарёи пуртуғёни Панҷ ҷорист, роҳи мошин сохтан  имкон надорад. Бархилофи ақидаи онҳо Президенти ташаббускор ва ҳимматбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳро сохтанд. Ба дурустӣ, ки  инро далериву қаҳрамонии беҳамто ва хизмати арзанда намудан ба  халқу Ватан  мегӯянд.
Як нукта боиси зикр аст, ки пеш нақлиёти мусофирбар  қитъаи роҳи 26 – километраи Қалъаихумб – Ёгед - Шкевро дар як соат ва ронандагони нақлиёти боркаш бошанд, дар ду соат бо азобе  мепаймуданд. 
Ҳоло баъди ба талаботи муосири байналмилалӣ  сохта, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани ин қисми роҳ ҳама намуди нақлиёт ин масофаро дар  20 - 25 дақиқа  тай мекунад.  Қад - қади роҳи навбунёд деҳаҳои ободу зебои Шкев, Ёгед, Ширговад, Паткуноб, Дуробак, Сангевн, Зингу Умрак ва Даштак воқеъ гардидаанд. Кулли ин деҳаҳо пурра  чароғон гашта, шабҳо чун рӯз  равшан мебошанд.  Аз ду ҷониб пиёдароҳҳо ва новаҳои обгузар гузошта шудаанд, ки ба деҳаҳо ҳусни нав зам менамоянд. Ҳамаи ин навгониҳо, ободонӣ ва созандагиҳои беқиёс  рамзи дурахшони дастгириҳои Роҳбари бунёдкори давлат мебошанд. Қайд кардан  зарур аст, ки зимни сафари кориашон дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки нақби қариб 400 - метраи овринги Ширговад низ аввали соли 2022 сохта, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дигар селу баландшавии мавҷҳои дарёи Панҷ ба басташавии ин қитъаи роҳ таҳдид намекунад. Ҳамчунин, роҳи  Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин низ аз ҷониби роҳдорони ватанӣ бо ҳамкории мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин тахту ҳамвор, мумфарш ва ҳамаи маконҳои аҳолинишин чароғон гардиданд. Ин қисми 32 - километраи роҳ низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор дода мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шоми 29 сентябр дар  варзишгоҳи шаҳри Хоруғ миёни роҳбарон ва фаъолони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз доштанд, ки  бунёди қитъаи душвортарини роҳҳои Бадахшон  дар масири Қалъаихумб – Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ, 220 миллион доллари амрикоӣ оғоз гардид. Дар баробари ин корҳои лоиҳакашии қисми роҳи   даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон - Хоруғ ва минбаъд Хоруғ ҷониби ноҳияи Мурғоб дар масофаи зиёда аз 200 километр  сар мешавад. Бо ҳамин иқдомҳои шоиста ва ватанпарастона   роҳкушоиҳо ва пулсозиҳои беқиёс дар Бадахшон, ин сарзамини зебо ва пурасрор, дарвозаи тиллоии Тоҷикистони биҳиштосо давра ба давра  идома меёбанд. Он рӯз дур нест, ки Помири дилнавози симояш комилан дигаргунгашта  ба мисли дигар  минтақаҳои кишвар ва як қатор мамолики ҷаҳони муосир дорои шоҳроҳи чун оина тахту ҳамвор  ва бехавфу  хатар хоҳад шуд.
                                                   
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед