logo

иҷтимоиёт

ПАЙВАНДГАР

Шоири зуллисонайн, мутарҷими моҳир, публитсисти чирадаст шодравон Ҷонибек Қувноқ тули умри кӯтоҳи худ баҳри рушду нумӯи фарҳангу адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон, ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар хидмати арзанда кардааст. Ӯ ифтихор дошт, ки дар деҳаи дурдасти Порашт ба дунё омада ва дар он ҷо мардум ҳама бо лафзи ноби тоҷикӣ ҳарф мезананд:
Ман форишӣ дар мағзи кӯҳ,
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд
Чор унсури бунёди ман.
Шукро, ки аз кӯю дарам
Пар мезанад лафзи дарӣ...
Имрӯз хонанда шеъру ғазалу рубоиҳои ҷаззоби шоирро мутоила намуда, ба тасвирҳои рангину нозук дучор меояд. Ҳанӯз замони зиндагии шоир маҷмуаҳои ашъораш бо номи "Қарз", "Арзи дил", "Розҳо", "Зангӯла" ба табъ расидаанд. Ӯ чанде аз асарҳои шоиру нависандагони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ ва баръакс, аз ӯзбекӣ намунаҳои зиёдро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мегӯянд, ки хонаи ӯ дар шаҳри Тошканд ошёни дӯстӣ, манзиле буд, ки адибон меҳмонӣ омада, мушоираҳо барпо мекарданд. Ҷонибеки Қувноқ бо осори безаволаш то ҳол барои қаробати адабиву фарҳангии ду халқ хидмат мекунад. Ӯ, бешак, шаҳпуле миёни тоҷикону ӯзбекон маҳсуб меёфт.
Хушбахтона, тайи се - чор соли охир робитаҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳо миёни ду кишвар густариш меёбанд. Дар ҷумҳурӣ бо дастуру пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои ҳифз ва инкишофи арзишҳо, фарҳанг ва адабиёти халқҳо, аз ҷумла тоҷикон, эътибори ҷудогона дода мешавад.
Ҳар сол дар моҳи ноябр доираҳои фарҳангии ду кишвар бахшида ба зодрӯзи Ҷонибеки Қувноқ чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд. Соли 2019 бо маблағи фонди назди Олий Маҷлис ва бо ибтикори бахши вилоятии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон китоби ӯ бо номи "Ширу шакар" ба нашр расид. Аз он пештар бо сарпарастии дӯстони тоҷикистонии шоир китоби ашъораш бо номи  "Чароғи сухан" рӯи чопро дида, рӯнамоии ин китобҳо дар зодгоҳи шоир: Порашту - маркази ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах доир гардида буд...
Имсол ба муносибати ҳаштодсолагии зодрӯзи шоири шодравон дар шаҳри Тошканд бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои  байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ шуда гузашт. Дар он аҳли адабу фарҳанг, донишҷӯён, пайвандони шоир ширкат доштанд. Раиси кумитаи номбурда Рустам Қурбонов, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Маркази тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова дар хусуси моҳият ва аҳамияти ин қабил чорабиниҳо сухан гуфтанд. Таҳти мавзуъҳои "Эътирофи шогирдон", " Ҷойгоҳи Ҷонибеки Қувноқ дар  адабиёту фарҳанг",  "Шаҳпули маънавии халқҳои тоҷику ӯзбек" Абдукарим Шарифов, шоирон Масъуди Мирзо ва Абдулло Субҳон баромад карданд. Донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои тоҷикии шаҳри Чирчиқ ва ноҳияи Букаи вилояти Тошканд аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Узви дастаҳои "Офтоби суғдиён"-и Бухоро, "Зарафшон"-и вилояти Тошканд бо суруду таронаҳои дилошӯб ва рақсҳои ҷолиб хотири ҳозиронро шод гардонданд. 
Сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик" Шерпӯлод Вакилов ва масъули бахши нашриёти "Тӯроннашр" Асадулло Исмоилзода ба донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо  китобҳои тоҷикӣ  тақдим намуданд.
Ин қабил чорабиниҳо, бешак, барои эҳё ва тарғиби осори шоир хидмат хоҳанд кард.
 
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори "Овози тоҷик"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед