logo

ҳуқуқ

БЕАДАБ ТАНҲО НА ХУДРО ДОШТ БАД...

Иҷрои баъзе аз амалҳо касро на танҳо зуд дар миёни ҷомеа ошкор месозаду беобрӯ менамояд, балки барои солҳои мадид пушти панҷара мебарад.
Воқеан, ин гуна аъмол ҳар нафарро ҳам ба ин хулосаву натиҷа меорад, ки ба бунёду нигаҳдории бинои ахлоқ, ахлоқи инсонӣ камтар диққат дода мешавад. Ҳол он ки тамоми донишҳо ва аъмоли нек бояд ба ахлоқи ҳамида ҷамъбаст гардад. Агар ҳам ба он эътибор дода нашавад, ҷомеа ва низ тамоми башарият ранҷу азоби онро хоҳанд кашид.
 
Дар ин маврид ва ҳам барои ибратомӯзӣ ҳанӯз 800 сол пеш Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барҳақ фармуда буд:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Оре, мо, баъзан, чунин мепиндорем, ки агар аз беадаб дур бошем, асари бадаш ба мо ҳаргиз нахоҳад расид. Мутаассифона, чунин нест, ки нест. Мисоли ин ҳодисаест, ки аз он сухан хоҳем кард. Дар пиндори кӣ роҳ меёфт, ки таъсири ахлоқи бади нафаре ба ронандаи таксӣ мерасад, ки ӯ ин беадабро ҳаргиз надидаву нашинохта буд? Дар хидмати мардум қарор дошт. Мушкили одамонро осон мекард ва ба ин васила, рӯзгори фақиронаи худро пеш мебурд. Магар ронандаи бегуноҳ медонист, ки ин бор охирин хидмати ӯ хоҳад буд? Дарк мекард, ки ӯро буғӣ карда, бо корд зада, куштанианд? Албатта, не. Зеро медонист, ки бар касе бадӣ накардааст, то подоши онро бигирад. Сарвате ҳам надорад, ки барои он ӯро ба ҳалокат бирасонанд.
Мутаассифона, дар тасаввури гунаҳгор Зиёдуллоев А.А. чунин ҳақиқат роҳ намеёфт. Баръакс, мепиндошт, ки ронандагони таксӣ нафаронеанд, ки пули бисёр ба даст оварда метавонанд. Ҷои тааҷҷуб нест. Беадаб ё худ бадахлоқ ҳаргиз дуруст фикру андеша карда наметавонад. Ахлоқи бадаш ба ин монеъ мегардад.
Вақте аз натиҷаи амалаш огоҳ мешавем, ҳатман даҳшат моро фаро мегирад. Қатли як инсон ба хотири беш аз 200 сомонӣ ва телефони ҳамроҳ ба кадом меъёри ахлоқ рост меояд? Он ҳам на як қатли одӣ, балки…
Ҷинояткор  аз шиносҳояш гӯё маблағе қарздор будааст ва мехостааст, ки ба ин восита пул кор бикунаду онҳоро бипардозад. Бешак, агар аз ин гуна ҷиноят он шиносҳо огоҳ мешуданд, ҳаргиз пули ҳаромро, ки бо роҳи қатли як бегуноҳ ба даст овардааст, намегирифтанд. Ва оё пули қарзро ба иҷрои амалҳои нангин бояд пардохт?
Таъсири ин шахси беадаб ба рафиқи ноболиғаш низ расидааст. Дар ин син содир кардани ҷиноят ба як ноболиғ дар тамоми умраш таъсири манфӣ мерасонад. Ислоҳи ин гуна ноболиғ баъдҳо  бисёр мушкил мешавад. Бешак, аз ин гуна бепарвоӣ, назорат накардани фарзанду кирдори ӯ волидайн, пайвандон ранҷҳо мекашанд, дарун-дарун як умр месӯзанду оҳи сард мекашанд, як луқма нони бериққат хӯрда наметавонанд.
Амали ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. моро як бори дигар ҳушдор месозад, ки фарзандонамонро беназорат нагузорем. Инчунин, онҳоро дуруст тарбия бикунем. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ин хотир буд. Мутаассифона, масъулиятро дар мавриди мазкур камтар эҳсос мекунему мешиносем. Натиҷааш, албатта, аз ин гуна навиштаҳо равшан маълум мегардад.
Ҳамин тавр, Зиёдуллоев А.А. ҳамчун ташкилкунандаи ҷиноят бо рафиқи ноболиғаш Раҳматов Х.Ҳ., бо сабаби аз шиносҳояшон маблағи пулӣ қарздор будан, маслиҳат мекунанд, ки бо тариқи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ягон ронандаи автомашинаи мусофиркаш соҳиби маблағи пулӣ шаванд.
Баҳри амалӣ намудани ин мақсади ҷинояткоронаашон, онҳо пешакӣ олоти содиркунии ҷиноят - корди кисагии қатшаванда, 2 ҷуфт дастпӯшаки тиббӣ ва сими пӯлодиро барои буғӣ кардан омода карда, шаби 9 декабри соли 2020, тахминан соатҳои 19:30 дақиқа, аз рӯи маслиҳати пешакӣ дар истгоҳи тарабхонаи “Муждаи васл”, воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода, вохӯрданд. 
Дар он ҷой онҳо автомашинаи тамғаи “Тико”, рақами давлатиаш 93-37 РС 01, ки онро Шукуров М.М. идора карда, ба мусофиркашӣ машғул буд, нигоҳ дошта, хоҳиш карданд, ки онҳоро ба маблағи 50 сомонӣ то назди сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он ҷойи хилват ва барои содир намудани куштор қулай буд, бурда расонад.
Баъди розӣ шудани Шукуров М.М., онҳо ба курсии қафои  автомашина савор шуда, ба самти сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ҳаракат намуда, бо хоҳиши Зиёдуллоев А.А. ронанда автомашинаро аз шоҳроҳ ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонда, тахминан баъди 200-300 метр масофаро тай кардан, дар ҷойи торикӣ автомашинаро манъ карда ва Раҳматов Х.Ҳ. барои ҷалб намудани диққати ронанда Шукуров М.М. ба ӯ пули 200 - сомониро дода, хоҳиш мекунад, ки ҳаққи хизматрасониро гирифта, бақияашро бидиҳад.
Шукуров А.А. ҳангоми аз кисааш баровардан ва ба шумурдани пулҳо овора шудан, Зиёдуллоев А.А., ки дар пушти ронанда нишаста буд,  якбора ба ӯ ҳуҷум карда,  ба гарданаш симро андохта, сахт кашида, буғӣ кардааст.
Дар ин лаҳза Шукуров М.М. бо дастонаш кӯшиши худро муҳофизат кардан ва аз сим халос шуданро мекунад, вале ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ.  аввал бо корди дар дасташ буда ба сар ва гардани Шукуров М.М. ду маротиба ва боз 15 маротиба зарба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёт хавфнокро мерасонад.
Зиёдуллоев А.А., ки содиркунии ин ҷиноятро роҳбарӣ мекард, мебинад, ки Шукуров М.М. аз буғӣ кардан ва зарбаҳои бо корд задаашон ба ҳалокат нарасидааст, ба Раҳматов Х.Ҳ. супориш медиҳад, ки гардани Шукуров М.М.-ро бо корди дар дасташ буда бибурад, аммо ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. ин корро ба анҷом расонда наметавонад. 
Пас аз он, Зиёдуллоев А.А.  бо бераҳмии махсус  симеро, ки бо он гардани Шукуров М.М.-ро буғӣ карда истода буд, сахт кашида, дар тагсараки курсии ҷойи нишасти ронанда тоб дода ва баъд баста, аз автомошина фуромада,  кордро аз дасти ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. гирифта, як зарбаи нишонраси халандаю буранда ба хирной, сурхрӯда ва рагҳои гарданаш зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. 
 Баъд аз содир кардани куштор, кисаҳои шими ронандаро кофта, дар маҷмуъ, 237 сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки 3000 сомонӣ арзиш дошт,  тасарруф намуда, барои пинҳон кардани ҷинояти содиркардаашон, дукаса ҷасади ронанда Шукуров М.М.-ро аз автомашина бароварда, ба ҷӯйбори обгузари канори роҳи автомобилгард партофтаанд. Автомашинаашро бо мақсади несту нобуд кардан, ғайриқонунӣ ронда, ба самти маркази шаҳри Турсунзода раҳсипор шуда,  дар  километри 61-ум ба садама дучор гардида, автомашинаро ба ҷӯйбор якпаҳлу чаппа карда, аз он ҷой ғайб задаанд.
 Мақомоти прокуратура ҷинояти мазкурро сари вақт ошкор сохт. Тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шахсони гунаҳгор ҳаматарафа ва холисона ба итмом расонда, барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд ирсол намуд.
 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 27 апрели соли 2021 судшаванда Зиёдуллоев А.А. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯйи маҷмуи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт, таъин шуд.
Бо назардошти он ки, тибқи талаботи қонун нисбат ба шахсе, ки дар синни аз шонздаҳсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ва махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо ва ҳукмҳо аз 12 сол зиёд буда наметавонад, ба ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. ҷазои ниҳоӣ, яъне маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ таъин гардид.
Барҳақ фармудаанд, ки он чи бикорӣ, ҳамонро медаравӣ:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
С. АБДУҶАББОРЗОДА, А. ҚУРБОН, 
прокуророни раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2021    №: 240    Мутолиа карданд: 3466
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед