logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1.Шоири классики асри ХV-и тоҷик, ки соли 1510 дар Ҳирот аз ҷониби Сафавиён ба қатл расид. 2. Кони сурма ва симоб дар қаторкӯҳи Ҳисор. 3. Кони металлҳои ранга дар кӯҳи Қаромазори Ғарбӣ. 4. Кӯҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд. 7. Асари Убайди Зоконӣ. 8. Шоири халқӣ … Вализода. 9. Фатҳулло … қаҳрамони ҶБВ. 13. Додобой … , пешвои шӯриши мардуми Хуҷанд соли 1916 бар зидди ба мардикорӣ гирифтани аҳолӣ. 14. Қаторкӯҳ дар сарҳади Қирғизистону Чин. 16. Қуллаи баландтарини қаторкӯҳи Туркистон. 19. Иттиҳоди корхонаҳои истеҳсолӣ. 20. Бӯза (русӣ). 23. Дарёи дарозтарини Тоҷикистон. 24. Волоқадр. 25. Гӯшаи хомӯшон. 29. Номи шаҳре дар Осиёи Марказӣ, ки Чингизхон онро ба хок яксон карда, ҷав корид. 30. Султони Туркия, ки соли 1402 амир Темур ӯро шикаст додааст. 31. Шохоби дарёи Кофарниҳон. 33. Маҳалла дар сарҳади шаҳри Душанбе, машқгоҳи сарбозон.
 
АЗ ЧАП БА РОСТ: 
5. Чашмаи маъданӣ дар Помир. 6. Чашмаи маъдании гурӯҳи нарзанӣ дар Помир. 10. Яке аз кӯлҳои ҳафткӯли ноҳияи Панҷакент. 11. Аминҷон … , шоири муосири тоҷик. 12. Театри давлатии ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба номи ӯст. 17. Рибохӯр. 18. … «Дарё», овозхон. 19. Асари шоири асри ХlХ Фитрати Зардӯз «… ва Матлуб». 21. Шоҳи сулолаи Ҳахоманишин, ки ҳамаи авлодашро ба қатл расонид. 22. Таъмирталаб. 26. Яке аз шоҳони давлати Тоҳириён, ки соли 822 дар Бағдод ба тахт нишаст. 27. Асари шоири асри Хl Абдуллоҳи Ансорӣ. 28. Эҷодиёти халқ. 32. Яке аз персонажҳои романи «Вафо»- и Ф.Ниёзӣ. 34. Қаҳрамони ҶБВ Чӯтак … . 35. Нависандаи тоҷик, муаллифи романи «Достони писари Худо». 36. … Чориева муштзан. 37. Асари шоири асри Хlll Убайди Зоконӣ..
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,сокини шаҳри Ваҳдат
 
Ҷавоб ба муаммои «Чайнворд» аз 26.11.2021:
1. Бразилия. 2. Янукович. 3. Чашм. 4. Маракана. 5. Ален. 6. Нива. 7. Артек. 8. Киви. 9. Или. 10. Илиада. 11. Ангара. 12. Аҷам. 13. Майкоп. 14. Пётр. 15. Реактор. 16. Раҳима. 17. Авул. 18.  Лопес. 19. Синон. 20. Нодар. 21. Рота. 22. Ана. 23. Амиго. 24. Обнус.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
4. ПИТОНИ ИЕРОГЛИФӢ 
Ин ҷонвар ба ҳисоби миёна то 6 метр дарозӣ дорад. Маълумоти тасдиқношудае низ ҳаст, ки соли 1958 питони иероглифии 7-метраеро куштанд, ки тимсоҳи 1,5-метраро зинда фурӯ бурда буд. Хабари мазкур аз ин ҷиҳат бовар нокарданист, ки то имрӯз аз мори ҳафтметра аксе ва ё наворе дастрасу пешниҳод нашудааст. Зарфияти питони иероглифӣ ин аст, ки, дар баробари сайдҳои калонҷусса, ба одамон низ гоҳо ҳуҷум мекунад. Собит шудааст, ки соли 2002 яке аз чунин хазандаҳои хатарзо кӯдаки даҳсолаеро дар Африқои Ҷанубӣ фурӯ бурда буд. 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
18. ГЕНЕРАЛ САНТА-АННА ВА МУҲОРИБАИ НАЗДИ САН-ХАСИНТО (1836)
Соли 1836 барои ба даст овардани истиқлол байни қӯшунҳои Техасу Мексика муҳорибаи шадид авҷ мегирад. Мексикоиҳо бо фармонфармоии генерал Санта-Анна дар наздикии деҳаи Сан-Хасинто ногаҳон дар муҳосира меафтанд. 
Генерал ба ҷои он ки илоҷе ёфта, артишашро аз чунин вазъияти ҳассосу ҳалокатбор раҳонад, бо фармони худ ҷонибдоронашро ба хӯроки нисфирӯзии анъанавӣ даъват мекунад. Ҷанговарони мондашуда, баъди хӯроки шикамсерӣ, ҳанӯз ба худ наомада буданд, ки техасиҳо бо як ҳуҷум ҳамаашонро торумор мекунанд. Худи генерали баднафс вақте боздошт мешавад, ки дар либоси аскари қаторӣ майдони муҳорибаро тарк кардан мехост.
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КОНЯКИ ҲАМНОМИ НАПОЛЕОН
Вақте фармондеҳи номдор Клим Ворошилов вориди утоқи Сталин мешавад, ғайричашмдошт якбора лаҷоми шикоятро сар медиҳад:
-Чаро як лашкаркаши номдорро имрӯз касе намешиносад?! 
Сталин бо тааҷҷуб мегӯяд: 
-Чӣ хел намешиносанд: охир мо чанд шаҳри калон ва колхозҳои бешуморро дар тамоми мамлакат ба номи шумо мондем-ку. 
-Намедонам, касе саломам намедиҳад.
Сталин чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафта, пешниҳоди аҷибе мекунад:
-Клим, дӯсти азиз, биёед ба ифтихори шумо беҳтарин конякро ном мегузорем.
-Шумо чиҳо мегӯед, рафиқ Сталин? Мехоҳед номи ман аз даҳон ба даҳони майзадаҳо кӯча ба кӯча гардад?
-Клим! Шумо ҳоло ҳам қудрати конякро намедонед. Ба хотир биёред, Наполеон кӣ буд?
-Наполеонро мешносам…
-Албатта, мешиносед, вале намедонед, ки ӯро ана ҳамин коняки ҳамномаш машҳур кардааст,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Сталин. 
Воқеан, баъди чанде дар СССР коняки КВ (Клим Ворошилов) истеҳсолу машҳур мешавад. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
САДОИ ТАНГА БАР ИВАЗИ БӮЙИ ОШ ҲИСОБӢ АЗ РӮИ АДОЛАТ
Мӯйсафеди фақир аз назди бозор мегузашт, ки ногоҳ чашмаш ба ошхонае афтод. Наздик шуда, ба бухори деги ош нигарист ва аз ин хушаш омад. Беихтиёр дастони ларзонашро ба ҷайбаш бурда, пораи нони хушкшудаеро баровард ва лаҳзае болои бухори ош дошта, сипас хӯрд. 
Ин ҳамаро ошпаз назора мекард. Ҳангоме ки пирамард хост роҳашро давом диҳад, ошпаз фарёд зад: 
- Ту аз бухори деги ман истифода кардӣ ва бояд пулашро пардохт намоӣ!
Пирамарди бечора аз ин даъвои ошпаз дармонда буд, ки нохост чашмаш ба Баҳлул афтод. Аз ӯ тақозои қазоват кард. Баҳлул аз асли кор огоҳ шуда, ба ошпаз гуфт: 
- Оё ин мард аз оши ту хӯрдааст?
Ошпаз гуфт: - Не, аммо аз бӯи он истифода кард.
Дар ин вақт Баҳлул чанд танга аз ҷайб баровард ва ба замин рехту ба ошпаз гуфт:
- Эй ошпаз, садои ин тангаҳоро бигир ва пирамардро раҳо бикун.
Ошпаз бо тааҷҷуб пурсид:
- Ин чӣ гуна ҳисобӣ кардан аст?
Баҳлул гуфт: 
- Ҳисобӣ аз рӯи адолат. Касе, ки бӯи ғизоро бифурӯшад, бояд дар иваз садои тангаро дарёфт кунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
БАҲОИ ЖУКОВ БА РОҲҲОИ АВРУПО 
Моҳи майи соли 1945, баъди ғалаба бар Германияи фашистӣ, маршал Жуков барои гурӯҳи рӯзноманигорон суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ доир мекунад. Миёни пурсишҳои зиёд саволи як журналисти хориҷӣ ба ин мазмун хеле ноҷо мебарояд:
- Ҷаноби маршал, солҳои ҷанг шумо ними дунёро пиёда гаштед, лутфан, бигӯед, ки роҳҳои шуравӣ беҳтар рӯйпӯш шудаанд ё аз Аврупо?
-Ростӣ, фарқияти кироиеро эҳсос накардам, ҳар куҷое берун аз Ватан рафтам, ҳазорҳо ҷисми беҷони душман роҳҳоро рӯйпӯш карда буданд,- сард ҷавоб медиҳад Жуков. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
АЗ АҚЛИ ХУД КОР БИГИР
Ҷавоне хост, ки бо духтаре издивоҷ бикунад. Пас аз он тасмим гирифт, ки дар бораи ҳамсари ояндааш ва ахлоқаш маълумот ба даст оварад. Мардум дар пайи пурсишаш посух доданд, ки духтарест бадахлоқ ва ҳеҷ рафтору гуфтору пиндори шоистаеро аз ӯ интизор надошта бошад.
Ҷавон ғамгину сарафканда ва ноумед ба хонааш бармегашт, ки дар роҳ бо пирмарде рӯ ба рӯ шуд. Пирмард сабаби андуҳашро пурсид. Ҷавон ҳамаро ба ӯ баён намуд. Пирмард гуфт, ки «ҳеҷ ғамгин мабош. Маро духтарест, ки дар ҷамолу камол беназир ва ахлоқи ҳамида дорад, рафтору гуфтору пиндораш нек мебошад. Агар бихоҳӣ, ӯро барои ҳамсарӣ ба ту мебахшам».
Ҷавон изҳори ризоят намуд. Пирмард ба ӯ гуфт: - «Акнун бирав ва дар бораи духтарам аз мардум маълумот бигир. Чун ҷамъ овардӣ, ба наздам биё ва якҷоя он ҳамаро бароям бигӯ». Ҷавон аз рӯи фармудаи пирмард амал кард. Ин бор аз мардум дар ҳаққи духтари пирмард суханҳои баде шунид, ки ҳеҷ дар тасаввур намегунҷид. Яъне, дар ин маҳал аз ӯ бадахлоқтар ва беҳаётар духтаре зиндагӣ намекунад. Ҳамсарӣ бо ӯ баробар бо он аст, ки худро дар оташи ҷаҳаннам бияфканӣ. Пирмард ин ҳамаро аз забони он ҷавон шунид ва гуфт: - «Акнун ба хонаи ман биё, то ба чашми худ ҳақиқатро бубиниву ба ақли худ бипазирӣ».
Ҷавон чун ҳамроҳи ӯ вориди хона шуд, пирзанеро дид, ки аз ҷой бе ёрӣ бархоста ва ҳам касеро дида наметавонист. Пирмард дар он ҳол рӯй бар ҷавон оварда гуфт: - «Дар ин хона ба ҷуз ин пирзан, ки ҳамсари ман аст, касе нест. Мо ҳеҷ гоҳ фарзанд, хосса духтар, надоштему надорем. Чун ин ҳақиқат бароят маълум гашт, бираву аз ақли худ кор бигир, на аз суханони мардум».. 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
НАҶОТ БЕЛҚАСЕМ КИСТ?
Наҷот Белқасем як духтари фақири марокашӣ аст, ки ба гӯсфандбонӣ зиндагии худро пеш мебурд. 
Ҳамроҳи падараш ба хотири беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ба Фаронса муҳоҷират карданд. Дар Фаронса шароити моддии онҳо беҳтар шуду духтаракро волидон ба мактаб доданд. Баъди таҳсил дар Донишкадаи тадқиқоти сиёсии Порис вориди саҳнаи сиёсӣ шуду базудӣ яке аз чеҳраҳои саршиноси Фаронса дар Ҳизби сотсиалистӣ гардид. Наҷот аввалин вазири ҳуқуқи занон ва баъдан вазири маорифи ин кишвар аз байни занон шуд.
Чанде пеш акси замони кӯдакиашро дар саҳифаи интернетии худ ҷой дода, зери он навишт: «Ман ҳеҷ гоҳ аз фақирӣ шарм надоштам, аммо шарм мекардам, ки ба мактаб намеравам».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
ЧАПЛИН 
БАЪДИ МАРГ ҲАМ МАШҲУРТАРИН АКТЁР БОҚӢ МОНД
Чарли Чаплин аввалин ҳунарманд аст, ки сураташ дар муқоваи маҷаллаи бонуфузи “Тайм” (соли 1925) чоп шуд. Ӯ барандаи се ҷоизаи Оскар мебошад.
Фарзи мисол, баъзан маъруфият ба кас дарди сари зиёд меорад. Ҳатто, баъди марг. Мутаассифона, ҷасади Чаплинро барои ба даст овардани маблағи ҳангуфт аз қабраш медузданд. Одамрабоён хешовандони ӯро таҳдид карданд, ки дар сурати иҷро накардани хоҳишашон онҳо ҷасадро нобуд месозанд. Пас аз 11 ҳафта полис ҷинояткоронро дастгир кард ва тани беруҳи актёрро баргардонд. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
ПАЛАНГ
Палангҳо ба хонаводаи гурбаҳо шомил мешаванд. Онҳо метавонанд бо шерҳо ҳам ҷуфт шаванд. Шумораи ин ҳайвонҳо дар ҷаҳон рӯ ба камшавӣ дорад. Дар кишвари мо онҳоро ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид намудаанд.
Гавҳараки чашмони палангҳо мисли гурбаҳои хонагӣ амудӣ набуда, балки мудавваранд. Фарқияти палангҳои сафед дар доштани чашмони кабуди онҳост. Дар торикӣ онҳо назар ба одамон тақрибан шаш маротиба беҳтар мебинанд. Ба онҳо тақрибан ду баробар бештар аз шер ғизо лозим аст. Паланги солдида дар як сол се тонна гӯшт мехӯрад. Бо ёрии ғурриш аз масофаи дур бо хамдигар гуфтугӯ мекунанд. Гузашта аз ин, онҳо якдигарро аз овози ҳам мешиносанд ва моҳирона шино ҳам мекунанд. 
Таҳияи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
 
ТАЪЛИМГОҲҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
9. ДАБИСТОНИ РОЙГОН ДАР ДЕҲЛӢ
Соли 2006 бо ташаббуси омӯзгор Шарма Раҷеш Кумар дар таги яке аз пулҳои метрои Деҳлӣ барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд таълимгоҳи хусусӣ бо номи «Free School under the bridge» («Мактаби ройгон дар назди пул») кушода шуд. Дар таълимгоҳ Шарма Раҷеш аз забони ҳиндӣ ва 7 омӯзгори дигар аз риёзӣ, забони англисӣ ва фанҳои дигар ройгон дарс мегуфтанд. Таълимгоҳи хусусӣ дар ду баст фаъолият дошта, беш аз 400 хонандаро (аз 4 - сола то 14 -сола) ба таълим фаро гирифтааст. 
Шарма бар ин назар аст, ки «Ҳеҷ кас бо далели фақирӣ набояд аз таҳсил маҳрум шавад» ва дар як ҳафта бояд беш аз 50 соат вақташро барои тадрис дар таълимгоҳ бигузаронад.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
ПУШКИН ВА АҶОИБОТИ РӮЗГОРИ Ӯ
1. Пушкин дар 8 – солагӣ, аллакай, бо забони фаронсавӣ шеър менавишт. Умуман, ӯ бо 10 забон навиштану сухан гуфтанро балад буд.
2.Тургенев шеърҳои Пушкинро малҳам аз дипрессия дониста, дар ҳолати бади руҳӣ такрор ба такрор хондани онҳоро тавсия додааст.   
3.Идеяи навиштани пйесаи машҳури «Ревизор» - ро ба Гогол маҳз Пушкин пешниҳод карда буд.
4. Шеъри машҳури «Граф Нулин» - ашро дар як нафас эҷод кардааст.
5. Бо шарофати Александр Пушкин таркиби забони русӣ бо бисёр калимаҳои нав бой гардид.
6. Пушкин бори аввал ҳини таҳсил дар литсей дар дуэл иштирок мекунад. 
7. Пушкин дар 20 дуэл ширкат карда, зинда мемонад. Мутаассифона, дар 21-умаш ба ҳалокат мерасад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
ПОККОРӢ Ё ВАЙРОНКОРӢ? 
Фаррошзане ҳар субҳ барои тоза кардани чангу ғубори ёдгориҳои таърихӣ ва шустани фаршу тирезаҳои яке аз осорхонаҳои шаҳри Дортмунди Олмон соатҳо ранҷ мекашид. Поккории ин зан роҳбариятро хуш омада, муҷассамаву пайкараҳоро дар ихтиёри ӯ мегузоштанду мерафтанд. Моҳи ноябри соли 2011 роҳбарияти осорхона манзараеро бо номи «Вақте шифт мечакад» бо қимати 800 ҳазор евро харид. Худи ҳамон субҳ фаррош ҳавзаи ифлосро дар манзара дида, онро бо ҳавсалаи тамом пок кард ва бо ҳамин дар таърихи санъати муосир амали бадтарини вайронкориро анҷом дод.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
ҶЕФФРИ ҲИММАТИ ЯК НОБИНО
Ҷавони нобино, вале мусаввири номдор аз фурӯши тасвирҳои кашидааш ба ниёзмандон як миллион доллар хайр кард. 
Ҷеффри Ҳэнсон, сокини иёлати Мичигани ИМА, бар асари бемории варами майнаи сар дар кӯдакӣ биноиашро аз даст дод. Аз 19-солагӣ бо рассомӣ шуғл варзида, ба худ азм намуд, ки аксари маблағи аз ин пеша ба даст овардаро хайр мекунад. 
Алҳол офаридаҳои Ҷеффри аз 3 то 5 ҳазор доллар ба фурӯш мераванд. Эҷоди дастони ӯро шахсиятҳои маъруфе чун Элтон Ҷон ва Уоррен Баффет низ харидаанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
ИБНИ ФИРНОС. МАРДЕ БО БОЛҲОИ СУНЪӢ
Абулқосим Аббос ибни Фирнос ат-Токуринӣ, муҳандис ва шоири андалусӣ, зери сарпарастии халифаҳои бағдодӣ кор ва фаъолият дошт.
Ибни Фирнос соли 852 қолиби чӯбин сохта, ба он порчаҳои матоъро баста, аз манораи Масҷиди бузурги Куртуба парид. Қолаб тимсоли парашюти муосирро дошт, ҳангоми фуруд омадан озмоишгар осеб дид. 
Ибни Фирнос қолаби сохтаи худро такмил дода, бори дуюм соли 875 аз болои теппаи на он қадар баланди Ҷабалу-л-Арӯс парид. Ӯ дар фазо тақрибан 10 дақиқа парвоз карда, хеле баланд баромад, вале боз ҳам фуруд бемуваффақият анҷом ёфта, Ибни Фирнос бо дастгоҳаш ба замин афтид. Ба хулосае омад, ки барои фуруди бомуваффақият ба дастгоҳ «дум» илова кардан лозим.
Ҳамин тариқ, Ибни Фирнос нахустин делта-планро ихтироъ кард. Леонардо да Винчи танҳо баъд аз 500 сол лоиҳаи делтапланро дар коғаз кашид.
Ҳоло бошад, дар шаҳри Ронда маркази астрономӣ, дар шимоли шаҳри Бағдод фурудгоҳ ва танӯра дар Моҳ ба шарафи Ибни Фирнос номгузорӣ шуда, дар мобайни пули болои дарёи Гвадалквивир ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод муҷассамаи ӯ побарҷост.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
8. Таблиғоти дурӯғ
Ричард Овертон ном пивопази амрикоӣ ширкати «Anheuser-Busch»-ро ба додгоҳ кашид. Ӯ аз ширкат барои таблиғоти дурӯғ ба маблағи 10 ҳазор доллар ҷуброн талаб кард. Вай иддао намуд, ки нӯшидани пайвастаи оби ҷави ин ширкат, ба ахлоқи духтарони сабукпо ва тарғиби рафтори онҳо робита дорад. Ба Ричард муяссар шуд, ки ҳангоми пешниҳоди дубора, дар додгоҳ пирӯз шавад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
4. Канйони Колка
Канйони Колка аз Гранд Канйони Амрико ду баробар жарфтар буда, то ҳол дар он мавзеъ одамон зиндагӣ мекунанд. Сокинонаш  дар майдончаҳои қадимаи инкҳо маҳсулоти озуқаворӣ кишт намуда, заминро дар ҳолати аввала нигоҳ медоранд. 
Дар паҳлуи мавзеъҳои археологӣ ва тамошобоб истироҳатгоҳҳо низ мавҷуданд. Ин ҷо, асосан, бо оби табобатиаш машҳур аст. Он ба барқарор намудани саломатӣ мусоидат менамояд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
УСУЛИ ҒАЙРИОДИИ ТАЪЛИМ 
Омӯзгор аз Испания Вероника Дуке дар яке аз дарсҳо аз усули аҷиб кор гирифт. Либосе пӯшид, ки дар он мушакҳо, узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина тасвир шудаанд. Ҳамкасбону хонандагон ин усули шеваи омӯзишро шавқовар ва омӯзанда хонданд. 
Ҳар боре, ки ӯ дар бораи ягон чеҳраи таърихӣ дарс мегузарад, либосҳои яке аз қаҳрамононро мепӯшад ва худро ба он монанд мекунад. 
Хонум Дуке дар омӯзгорӣ таҷрибаи 15 - сола дорад. Аз фанҳои санъат, забонҳои англисӣ ва испанӣ дарс медиҳад. Ба унвони ифтихории «Омӯзгори сол» ҳам мушарраф шудааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 3097
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед